Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарма роҳи Душанбе-Хуҷандро дубора баст


Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд – танҳо масири иртибототӣ байни шимол ва маркази Тоҷикистон – ба сабаби рехтани тарма дубора баста шуд. Ин бор дар қисмати сар аз километри 51 то 75-уми ин масир тарма рехта, ба гуфтаи мақомоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон, хатари тармаҳои бештар низ вуҷуд дорад. Роҳи Душанбе-Хуҷанд аз 11 то 18 феврал низ ба иллати рехтани тарма дар қисмати Майхӯра масдуд шуда буд. Ин шоҳроҳи 340-километрӣ аз моҳи апрели соли гузашта пулакӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG