Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳо барои ташкили хуруҷи атбоъи тоҷик аз Либия


Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, он атбоъи ин кишварро, ки дар Либияи ошӯбзада кор ё таҳсил мекунанд, берун бикашанд. Аммо Музаффар Муҳаммадӣ, консули Тоҷикистон дар Қоҳира, пойтахти Миср, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо ба далели қатъ шудани робитаи телефонӣ то ҳол натавонистаанд касеро аз шаҳрвандони тоҷик дар Либия пайдо кунанд. Оқои Муҳаммадӣ афзуд, онҳо омодаанд, ба хотири таъмини хуруҷи атбоъи Тоҷикистон ба Либия сафар кунанд.
Бино ба маълумоти расмӣ, феълан дар Либия 21 шаҳрванди тоҷик ба сар мебарад, ки аксараш дар донишгоҳи Ад-Даъваи шаҳри Троблус таҳсил мекунанд.
XS
SM
MD
LG