Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи зидди "Азия Плюс"-ро имрӯз аз сар мегиранд


Имрӯз, 24 феврал, додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе муҳокимаи даъвои Анвар Тағоймуродов, раҳбари идораи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон алайҳи ҳафтаномаи мустақили “Азия Плюс”-ро аз сар мегирад. Имрӯз, қарор аст, додгоҳи Бритониё муҳокимаи парвандаи истирдоди асосгузори сомонаи Викиликс Ҷулиан Ассанж ба Шветсияро такмил кунад.
Имрӯз сарвазири Русия Владимир Путин аз дафтари марказии ИА дар Брюссел боздид мекунад. Имрӯз раҳбари давраии САҲА ба маҷмаъаи парлумонии ин созмон муроҷиат хоҳад кард.
Дабири кулли НАТО Андерс фоғ Расмуссен имрӯз аз Украина дидан хоҳад кард. Ва ҳам имрӯз дар Киев нишасти Шӯрои вузарои хориҷаи ГУАМ доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG