Пайвандҳои дастрасӣ

Ду узви Ҳаракати Исломии Ӯзбакистонро боздошт карданд


Додситонҳои Олмон мегӯянд, ду нафарро бо иттиҳоми иртибот бо Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, ки як созмони терористӣ ва як шарики Ал-қоида хонда мешавад, боздошт кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, Умар ва Тургай, ки аввалӣ 24 ва дигарӣ 28 сола будааст, рӯзи 22 феврал дастгир шудаанд. Умар ба узвият дар Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон аз соли 2009 муттаҳам мешавад ва гӯё дар як тамрингоҳи террористӣ омӯзиш дидааст. То замони баргаштанаш ба Олмон дар ҳамлаҳои террористӣ даст доштааст. Тургай, ба кӯмаки молӣ ба Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон муттаҳам мешавад, ки ба нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҳамла мекунанд. Бино ба гуфтаи додситонҳо ӯ, ба аъзои созмон бештар аз 53 ҳазор доллар интиқол додааст. Пулиси Олмон ҳамчунин хонаи чаҳор муттаҳами дигарро ҷустӯҷу кардааст
XS
SM
MD
LG