Пайвандҳои дастрасӣ

Печидагиҳои барномаи ҳифзи аҳолӣ аз сел


Сели харобиовар дар Кӯлоб дар моҳи майи соли 2010.

Сели харобиовар дар Кӯлоб дар моҳи майи соли 2010.

Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, Барномаи ҳифзи мардум аз офатҳои табииро таҳия кардааст.

Дар ҳоле, ки Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон дар моҳи феврал ва март борандагиҳои шадидро пешгӯӣ мекунад ва аз эҳтимоли сел дар бархе аз манотиқи ҷумҳурӣ ҳушдор медиҳад, Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон Барномаи мушаххаси муқобила бо сел ва ҷилавгирӣ аз офатҳои табииро рӯи даст гирифтааст.

Бахтиёр Орифов, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар ин бора гуфт, «вобаста ба тағйири ҷаҳонии иқлим дар Тоҷикистон низ барои ҳифзи аҳолӣ аз офатҳои табиӣ, ба хусус селу обхезӣ барномаи мушаххас таҳия шудааст ва давлат ин барномаро тасвиб кардааст. Мо дар ин мавзеъҳо машғулиятҳои амалӣ мегузаронем дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ низ дар назар аст».

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ҷамила Байдуллоева, раиси Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон моҳи феврал то охир бориши барфу борон дар назар аст. Хонум Байдуллоева дар бораи дурнамои вазъи ҳаво мегӯяд, «моҳи март ҳарорат ба меъёр наздик аст ва бориш дар бештари манотиқи кишвар мувофиқи меъёр аст, вале дар бахше дигар аз минтақаҳо бориши аз меъёр зиёд пешбинӣ мешавад».

Ба ин далел мутахассисони Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон эҳтимоли дар моҳи март резиши сел дар бархе аз манотиқи вилояти Хатлонро мумкин медонанд. Ин дар ҳолест, ки як созмони башарии байналмилалии Итолиё ба иҷрои барномаи ҳифзи табиат дар бархе аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ пардохтааст, ки ба сохтмони сарбанд ва ё дарғот дар минтақаи резиши сел дар ноҳияҳои Ховалингу Темурмалик ва Ғончӣ сафарбар хоҳад шуд. Фаъолияти ин созмони итолиёвӣ на танҳо ба ҷилавгирӣ аз сел, балки ба ҳифзи ҳолати замин ва кишоварзӣ дар доманакӯҳҳо низ ихтисос дорад.

Бино бар иттилои Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, умури таҳкими соҳилҳо ва бунёди садду поккории селроҳаҳо дар ихтиёри Вазорати обу мелиоратсия буда, ин масъалаҳо дар салоҳияти кумита нест ва вазифаи он танҳо огаҳ кардани мардум аз эҳтимоли селу ярч ва кӯч додани мардум ба минтақаҳои амн мебошад.

Аммо барои ҳифзи табиат, таъсири авоқиби таъсири иқлим дар Тоҷикистон, ки ба обхезӣ ва сел мунҷар шудааст, ҳамасола созмонҳои байналмилалӣ кӯмакҳои билоивази молиро ба ин кишвар ироа мекунанд.

Соли гузашта барои осебдидагон аз обхезӣ ва сел дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Ғончӣ ҳудуди 63 миллион доллар кӯмакҳои башарӣ ба Тоҷикистон сарозер шуда буд. Вале ахиран давлати Британия гуфтааст, ки аз кӯмак ба Тоҷикистон дар ин замина даст хоҳад кашид. Ба ин далел, ки ба навиштаи рӯзномаи "Гордиан", чопи Лондон, ин кӯмакҳо аз сӯи мақомот сирқат мешаванд ва ё ба мақсади дигар масраф мегарданд.

Таҳлилгарон маҳз саҳлангорӣ ва ба таври дуруст ва оқилона истифода нашудани маблағҳо барои корҳои таҳкими соҳил ва тоза кардани каналу заҳбурҳоро яке аз омилҳои сар задани сел дар минтақаҳои селзадаи соли гузашта медонанд. Ба хусус, резиши сел дар шаҳри Кӯлоб дар моҳи майи соли гузашта, ки боиси хисороти ҷонӣ ва молӣ дар ин минтақаи Тоҷикистон гардид.

Бино бар омори расмӣ, дар соли гузашта дастикам 50 сокини манотиқи мухталифи Тоҷикистон бар асари сел ва дигар офатҳои табиӣ ҷони худро аз даст дода ва садҳо нафари дигар бесарпаноҳ мондаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG