Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарвари нави КМИР гуфт, талош хоҳад кард, ки интихоботҳои оянда дар чаҳорчӯби қонун баргузор шаванд.

Раиси нави КМИР-и Тоҷикистон, Шермаҳмади Шоҳиён, ки ҳамакнун бо таъйиди ваколаташ аз сӯи Маҷлиси намояндагон расман ба фаъолият шурӯъ кардааст таъкид кард, ки дар иҷрои ин амр бо парлумон ва намояндагони ҷомеаи мадании кишвар ва ба вижа аҳзоби сиёсӣ ҳамкориро беҳтар ба роҳ монад.

Аммо бархе аз коршиносон ва таҳлилгарон бо ишора ба фаъолиятҳои пешина ва собиқаи кории оқои Шоҳиён бар ин боваранд, ки раиси тозаинтихоби КМИР наметавонад аз доираи дастур ва хостаҳои ҳокимияти иҷроия по фаротар гузорад

Масъалаи аз байн бурдан ва ё коҳиши ҳаҷми гарави интихоботӣ, ширкати намояндагони ҳамаи аҳзоби сиёсӣ дар ҳайати Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсӣ, гузариш ба низоми электронии шумориши оро аз суолҳое буданд, ки хабарнигорон ба Шермаҳмади Шоҳиён, раиси ҷадиди Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба дунболи таъйиди ваколатҳояш ба ин мақом аз сӯи Маҷлиси намояндагон матраҳ карданд. Оқои Шоҳиён изҳор дошт, ки масъалаи гаравпулии интихоботии
Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон
номзадҳо ва аҳзоби сиёсӣ танҳо талаботи қонунгузории Тоҷикистон нест вале бо ин вуҷуд он посухи ниҳоии худро наёфтааст ва метавон онро як масъалаи то ба имрӯз матраҳ дар қонунҳои интихоботии кишвар арзёбӣ кард

Аз сӯи дигар Шермаҳмади Шоҳиён гуфт, ки ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар комиссияҳои интихоботиро қонунгузории кишвар муайян кардааст вале барои ҳузури ҳатмии намояндагони аҳзоб дар ҳайати КМИР меъёри мушаххасе ҷо надорад. Вале афзуд, ба ҳайси раиси КМИР талош хоҳад кард, ки иртиботи бештар бо парлумон ва аҳзоби сиёсиро ба роҳ монад. Ва бар илова, интихоботҳо тавре созмондеҳӣ хоҳанд шуд, ки ба эрод ва интиқодоти нозирони байналмилалӣ асос боқӣ намонад.

Вале бо ин ҳол бархе аз коршиносон ва соҳибназарони тоҷик баъид медонанд, ки ончи раиси нави КМИР мегӯяд иҷро шавад. Зеро раиси тозаиинтихоби ниҳоди масъул барои баргузории интихобот ва назархоҳиҳо як шахсест, ки бештар дар доираи иродаи раҳбарият амал хоҳад кард.

Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон бар ин назар аст, ки интихоби Шермуҳаммади Шоҳиён ба ин мақом ба он хотир аст, ки ҳукумат мехоҳад дар қонунгузории интихоботии кишвар ислоҳот ворид кунад. Оқои Маҳмадазимов афзуд, ки Шоҳиён аз ҳуқушиносони ботаҷриба аст ва то ба имрӯз ҳам, ки дар ниҳодҳои давлатӣ фаъолият кардааст ба иқдоме даст назадааст, ки роҳбарияти кишварро дар нисбати худ машкук карда бошад.

Иброҳим Усмонов
Иброҳими Усмон, собиқ мушовири раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар гузашта бо ҷаноби Шоҳиён ҳам дар ҳукумат ва ҳам дар Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон ҳамроҳ кор кардааст, мегӯяд ӯ мутмаин аст, ки бо омадани Шоҳиён ба мақоми раиси Комиссияи интихоботӣ метавон интизор буд, ки қонун беҳтар муроот мешавад

Бо ин ҳама Шермаҳмади Шоҳиён, раиси КМИР Тоҷикистон гуфт аз ҳамин ҳоло барои баргузории маъракаи муҳимми сиёсии кишвар омодагӣ хоҳанд гирифт. Вай афзуд онҳо кӯшиш хоҳанд кард, ки дар интихоботи баъдӣ аз шеваҳои муосири баргузории ин маъракаҳо, ки дар бақия кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Муштаракулманофеъ ҷорӣ шудааст истифода кунанд.

Раиси КМИР Тоҷикистон гуфт, ки ба ин манзур бархе аз тавсияҳо аз сӯи Маҷмаи байнипарлумонии Кишварҳои ҳамсуд дар ихтиёри ин комиссиюн ворид шудааст. Зимнан интихоботи навбатӣ дар Тоҷикистон интихоботи раиси ҷумҳур хоҳад буд, ки қарор аст дар моҳи ноябри соли 2013 доир шавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG