Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти иттиҳодияҳои коргарӣ дар Ҳинд


Дар пойтахти Ҳиндустон шаҳри Деҳлӣ имрӯз ҳазорон нафар ба раҳпаймоии иттиҳодияҳои коргарӣ пайвастанд, ки алайҳи афзоиши қимати маводи ғизоӣ ва бекорӣ эътироз мекунанд. Бино ба гузоришҳо, 200 ҳазор нафар дар раҳпаймоӣ, ки аз ҳошияи шаҳр то ба маркази Деҳлӣ кашид, ширкат карда ва ҳаракати нақлиётро баҳам задаанд. Аз ҳузури 10 ҳазор коргарони муассисаҳои давлатии дифоъӣ дар тазоҳурот гузориш додаанд.
XS
SM
MD
LG