Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ дар Триполӣ, пойтахти Либия


Бино ба гузоришҳо, имрӯз бо ҷамъ омадани даҳҳо нафар аз тарафдорони Муаммар Қаззофӣ дар шаҳри Триполӣ, аз инҷо садои тирандозии шадид шунида шудааст. Рӯзе пештар Муммар Қаззофӣ аз тарафдоронаш хост, алайҳи тазоҳургарони зиддиҳукуматӣ бархезанд. Бо гуфтаи сокинони Триполӣ онҳо аз тарс аз хонаҳояшон берун намешаванд, зеро нерӯҳои тарафдори Қаззофӣ дар кӯчаҳо ба ҳар тараф тир меандозанд. Айни замон, тазоҳургарони зиддиҳукуматӣ дар шарқи Либия назорати чанд шаҳри шарқии кишварро ба даст гирифт ва парчами қадимаи Либияро барафрохтаанд. Франко Фраттинӣ, вазири умури хориҷаи Итолиё имрӯз аз бад шудани авзоъ дар Либия ҳушдор дод: "Мо ба як вазъи воқеан баде рӯ ба рӯ шудаем, ки онро Муаммар Қаззофӣ, бо суханронии шаби гузаштааш бадтар кард. Қасди ӯ барои ҳамла ба мардуми худаш, қасде барои барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ аст." Ба гуфтаи Дидбони ҳуқуқи башар дар тазоҳуротҳои Либия тақрибан 300 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG