Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршикании саросарӣ ва тазоҳурот дар Юнон


Полиси зиддишӯриши Юнон имрӯз дар назди бинои порлумон бо тазоҳургароне бархӯрд кард, ки дар раҳпаймоӣ ширкат мекунанд. Полис барои пароканда кардани ҷавонони тазоҳургар, ки ба сӯи пулис санг, шишаҳои оташбор меандохтанд, аз гази ашковар истифода кард. Дар раҳпаймоиҳо ҳудуди 30 ҳазор нафар ширкат варзиданд ва коршикании саросарӣ дар Юнон боиси аз кор мондани нақлиёти ҷамъиятӣ ва лағви 100 парвози ҳавопаймо шуд. Иттиҳодияҳои коргарии Юнон ба нишони эътироз аз барномаҳои ҳукумат, ки харҷи давлатӣ ва имтиёзҳои коргаронро кам кардааст, мардумро ба коршиканӣ даъват кардаанд. Юнон, ки соли гузашта гирифтори мушкилоти молии зиёд шуд, аз Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул 110 миллиард евро қарз гирифт.
XS
SM
MD
LG