Пайвандҳои дастрасӣ

Ваъдаи шоҳи Арабистони Саудӣ ба мардум


Шоҳи Арабистони Саудӣ, Абдуллоҳ баъди чанд моҳи дармон дар хориҷ, аз ҷумла ҷарроҳии камараш дар Амрико имрӯз ба кишвараш бозгашт. Қабл аз бозгашти ӯ, телевизиони давлатии Саудӣ эълом кард, ки Шоҳ Абдуллоҳ дастур додааст, то барои кӯмак ба шаҳрвандони кишвар барои харидани хона, издивоҷ ва тиҷорат даҳҳо миллиард доллари изофӣ ихтисос дода шавад. Шоҳ Абдуллоҳ дастур додааст, ба ин хазина 10 миллиарди доллари изофӣ рехта шавад. Шоҳ Абдуллоҳ дар замоне ба ватанаш бармегардад, ки Ховари Миёнаро ошӯбҳои мардумӣ дар чанд кишвари минтақа ба ларза даровард. Камбизоатӣ ва талаб барои ислоҳоти сиёсӣ аз омилҳои аслии тазоҳуротҳо будааст.
XS
SM
MD
LG