Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, вазъи Либияро баррасӣ мекунад


Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал рӯзи ҷумъа дар нишасти вижа, таҳҳавулот дар Либияро баррасӣ хоҳад кард. Бори аввал аст, ки шӯрои 47 узвии Созмони Милал барои баррасии чунин вазъе гирди ҳам меояд. Либия дар соли гузашта баъди баҳсҳои зиёде барои се сол узви Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал баргузида шуд, ки аъзои он бояд дар риояти ҳуқуқи инсон намуна бошанд. Рӯзи сешанбе Шӯрои Амнияти Созмони Милал ҳамлаи нерӯҳои давлатии Либия ба тазоҳургаронро маҳкум карда, хостори қатъи фаврии хушунатҳо шуд, ки бовар меравад, дар ҷараёни он садҳо нафар кушта шудаанд. Навӣ Пиллай, кумиссионери ҳуқуқи инсони Созмони Милал имрӯз ҳушдор дод, ки ҳамла ба мардуми осоишта дар Либияро «метавон баробар ба ҷиноят алайҳи башарият» донист ва хостори пажӯҳиши байналмилалии рӯйдодҳо дар ин кишвар шуд.
XS
SM
MD
LG