Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши теъдоди қурбониёни заминларзаи Зеландияи Нав


Теъдоди қурбониёни заминларзаи қавӣ дар Зеландияи нав аз 75 нафар гузаштааст ва 300 тани дигар то кунун бенишон ҳастанд. Бино ба гузоришҳо аз шаҳри Крайстчёрч гурӯҳҳои наҷотбахш ба хотири берун кашидани афрод аз зери овор гоҳо маҷбур мешаванд, даст ё пойи онҳоро бибуранд. Ҷон Кӣ, нахуствазири Зеландияи нав дар пайи заминларлаи 6,3 дараҷаии дирӯза дар ин кишвар вазъи изтирорӣ эълон кард.
XS
SM
MD
LG