Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳи Арабистони Саудӣ ба ватанаш бозгашт


Шоҳи Арабистони Саудӣ, Абдуллоҳ баъди чанд моҳи дармон дар хориҷ, имрӯз ба кишвараш бозгашт. Шоҳ Абдуллоҳ баъди ҷарроҳии камараш дар Амрико, як моҳи худро дар Марокаш сипарӣ кард. Шоҳ дар замоне ба ватанаш бармегардад, ки Ховари Миёнаро ошӯбҳои мардумӣ дар чанд кишвари минтақа ба ларза даровард. Дар остонаи бозгашти ӯ ба Арабистони Саудӣ, Шоҳ Абдуллоҳ эълом кард, ки ба шаҳрвандони кишвараш имтиёзҳои дигаре дода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG