Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳокимаи ду шаҳрванди Русия дар Минск


Дар Ҷумҳурии Белорус муҳокимаи ду шаҳрванди Русия шурӯъ шуд, ки онҳоро дар пайи тазоҳуроти пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи декабр боздошт карда буданд. Ба гузориши бахши белорусии Радиои Озодӣ, Артём Бреус ва Иван Гапонов зимни муҳокима иттиҳомот алайҳи онҳо, яъне ширкат дар «бенизомиҳои умумиро» рад кардаанд. Баъди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Белорус, ки дар он Александр Лукашенко, пирӯз шуд, рӯзи 19 декабр ҳазорон нафар дар майдони марказии шаҳри Минск тазоҳурот карданд. Дар пайи ин тазоҳурот, садҳо нафар аз ҷумла панҷ номзади мухолифин ба мақоми раёсати ҷумҳури Белорус боздошт шуданд ва даҳҳо нафари онҳо мунтазири муҳокимаи додгоҳӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG