Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои сокинони Ӯшу Ҷалолобод аз порлумони Қирғизистон


Сокинони шаҳри Ӯши Қирғизистон аз Аҳмадбек Келдибеков, раиси порлумон хостаанд, то таҳқиқи комил ва бетарафонаи муноқишаҳои қавмӣ миёни ӯзбаку қирғизҳо дар тобистони соли гузаштаро тазмин диҳанд. Раиси порлумони Қирғизистон рӯзи сешанбе ба хотири ошноӣ бо корҳои барқарорсозӣ ба шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод, саҳнаи низоъҳои хунини миёни ӯзбаку қирғизҳо сафар кард. Дар низоъҳои моҳи июни соли гузашта дар ин ду шаҳр бештар аз 400 нафар аксаран ӯзбакҳо куштанд. Қарор аст, ду пажӯҳиши омилҳои низоъ аз тарафи гурӯҳи порлумони Қирғизистон ва як кумиссиёни махсуси Созмони Амниятва Ҳамкории Аврупо моҳи оянда нашр шавад.
XS
SM
MD
LG