Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Фраттинӣ аз паёмадҳои бесуботӣ дар Либия


Франко Фраттинӣ, вазири умури хориҷаи Итолиё, мегӯяд, дар сурати идомаи бесуботиҳо дар Либия, шояд бештар аз 300 ҳазор нафар аз ин кишвар фирор кунанд. Франко Фраттинӣ ба рӯзномаи “Карйера Де Ла Серра”, гуфтааст, теъдоди паноҳандагон метавонад аз ин ҳам бештар ва ба мисли “муҳоҷирати бани Исроил ба Канъон бошад”. Вазирони умури хориҷаи Итолиё, Қибрис, Фаронса, Юнон, Малта ва Испониё имрӯз дар шаҳри Рум ҷамъ омада сиёсати муштарак дар баробари таҳаввулот дар Африқои Шимолиро баррасӣ ва тавсияҳое ба Кумиссиёни Аврупо пешниҳод мекунанд. Либия дуввуним миллион нафар аҳолӣ дорад.
XS
SM
MD
LG