Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаззофӣ аз Либия намеравад ва мехоҳад шаҳид шавад


Раҳбари Либия дирӯз дар як паёми пурхашми телевизионӣ гуфт, ки аз қудрат канор нахоҳад рафт.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки мавҷи маҳкумияти байналмилалии саркӯбии бераҳмонаи эътирозҳо дар ин кишвари арабии шимоли Африқо ҳамчунон меафзояд.

Қаззофӣ: "Мисли як шаҳид хоҳам мурд"

Ҳокими пархошҷӯи Либия, ки муштзанон аз телевизион сӯҳбат мекард, қасам хӯрд, ки “то охирин қатраи хунаш набард хоҳад кард”: “Муаммар Қаззофӣ кадом мансаберо ишғол накардааст, ки мисли раисиҷумҳурони дигар истеъфо диҳад. Қаззофӣ раисиҷумҳур нест. Ӯ раҳбари инқилоб аст. Ман наметавонам бозмондаҳои бобои мӯҳтарамамро дар Мурғуб монда, биравам. Ман дар ниҳоят мисли як шаҳид хоҳам мурд.”



Қаззофӣ эътирозгаронро ҷавонони раҳгумзадае номид, ки зери таъсири маводи мухаддир ва дар ивази пул ба биноҳои пулис ва идораҳои давлатӣ ҳамла мекунанд. Ӯ аз тарафдоронаш даъват кард, низ ба хиёбонҳо рехта, кӯчаҳои Либияро “пок” кунанд.

Бо ин ҳол, ошӯбҳо дар Либия 8 рӯз боз идома дорад ва мардум аз маҳдудияти озодиҳо ва бекории фарогир ба хашм омадаанд.

Шоҳидон ва гурӯҳҳои мухолифин мегӯянд, нирӯҳои содиқ ба режими Қаззофӣ ва зархаридони хориҷӣ бо истифода аз силоҳҳои ҷангӣ садҳо тазоҳургарро дар чандин шаҳр, бо шумули пойтахт, шаҳри Троблус, куштаанд. Онҳо мегӯянд, дар кӯчаҳои пойтахт ҷанозаи даҳҳо тазоҳургари кушташуда рӯи роҳ боқӣ мемонад. Human Rights Watch аз қавли манобеъаш дар бемористонҳои Либия навишт, ки фақат дар пойтахт ва танҳо аз рӯзи якшанбе ба ин сӯ дастикам 62 нафар кушта шуданд. Ҷамъи қурбониёнро ин гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башар беш аз 200 ва мухолифин то 400 нафар баровард мекунанд.

Аммо Муаммар Қаззофӣ дар паёмаш гуфт, ки ӯ ҳанӯз ҷиҳати истифодаи нерӯ амр надодааст, вале агар чунин кунад, “ҳама ҷо дар хоҳад гирифт.”

Мавҷи маҳкумиятҳои байналмилалӣ

Ин дар ҳолест, ки мавҷи маҳкумияти байналмилалӣ аз шеваи бераҳмонаи саркӯбии эътирозҳо дар Либия торафт баландтар мешавад. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ҳам бар зидди хушунати режими Қаззофӣ садо баланд кард: “Мақомоти Либия бар зидди эътирозгарон аз оташи ҳавопаймову чархбол истифода бурдаанд. Ин амал ғайри қобили қабул буда, бояд фавран мутаваққиф гардад.”

Шӯрои амнияти СММ низ ба баҳси вазъи Либия пардохта, аз ҷумла пешниҳоди минтақаи барои парвозҳо мамнӯъ эълон кардани ҳарими ин кишвари шимоли Африқоро баҳс мекунад. Ин иқдом маҳз ба хотири қатъи таҷрубаи Либия дар мавриди истифодаи ҳавопаймоҳои ҷангӣ алайҳи тазоҳургарон аст.

Ду рӯз пеш ду халабони либиягӣ дар Малта поин шуда, шаҳодат доданд, ки ҷиҳати ҳамла болои эътирозгарон дар шаҳри Бенғозӣ, маркази ошӯбҳои зидди режими Қаззофӣ амр гирифтаанд, вале фирор аз кишварро бар иҷрои ин фармон бартарӣ додаанд.

Аммо телевизиони давлатии Либия гузоришҳо дар бораи қатли тазоҳургарон аз сӯи нерӯҳои амниятӣ ва ҳавопаймоҳоро радд кард. Лигаи давлатҳои арабӣ низ дар Қоҳира бӯҳрони пешомада дар ин кишвари арабиро баррасӣ кардааст.

Бо вуҷуди ба ҳифзи мақоми раҳбариаш пой фишурдани Муаммар Қаззофӣ, як идда аз дипломатҳои ин кишвар, бо шумули сафиронаш дар Амрикову Чин, Ҳинду Бангладеш ва Индонезия ва муовини сафири Троблус дар СММ Иброҳим Дабошӣ ба нишони эътироз ба саркӯбии тазоҳургарон истеъфо додаанд.

Саркӯбии эътирозҳои Либияро Кетрин Эштон, раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА низ маҳкум кард ва хостори қатъи билофосилаи истифодаи нирӯ алайҳи тазоҳургарон шуд.

Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, Вашингтон низ ба мавҷи маҳкумияти шадиди хушунатҳои Либия, ки мунҷар ба ҳалокати садҳо нафар шудааст, ҳамовоз мешавад:“Хунрезӣ комилан ғайриқобилиқабул аст. Эҳтиром ба ҳуқуқи аслии мардумаш, бо шумули ҳаққи онҳо ба изҳори ақида ва гирдиҳамоӣ, аз масъулиятҳои давлати Либия мебшад.”

Хонум Клинтон афзуд, ҳоло фурсати поён додан ба ин хунрезӣ дар Либия фаро расидааст ва Амрико ҳамроҳ бо дӯстону шариконаш дар саросари ҷаҳон талош дорад, ин паёмро ба ҳокимони Троблус бирасонад. Раҳбари кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико Ҷон Керрӣ аз маъмурияти Барак Обама даъват кард, дубора он таҳримоти алайҳи режими Либияро, ки маъмурияти Ҷорҷ Буш лағв карда буд, барқарор кунад. Ҷон Керрӣ ҳамчунин аз ширкатҳои нафт хостааст, то замони қатъи ҳамла ба мардуми мулкӣ фаъолиятҳои худро дар Либия билофосила қатъ кунанд.
XS
SM
MD
LG