Пайвандҳои дастрасӣ

Сарнавишти норӯшани тоҷикон дар Либия


Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Қоҳира

Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Қоҳира

Музаффар Муҳаммадӣ, консули Тоҷикистон дар Миср гуфт, ки онҳо дар талоши тамос бо шаҳрвандони тоҷики муқими Либия ҳастанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Муҳаммадӣ дар ҳоли ҳозир 21 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон муқими Либия буда ҳамаи онҳо донишҷӯёни донишгоҳи исломии Ал-Даъва мебошанд.

Бар асоси тавсияи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва бинобар вуҷуд надоштани намояндагии Тоҷикистон дар кишвари Либия, сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ бо шаҳрвандони тоҷик дар кишвари Либия муваззаф карда шудааст. Дар ин кишвари Африқои Шимолӣ аз чанд рӯз ба ин тараф нооромиҳо идома дорад ва ҳукумати Муаммар Қаззофиро ба чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст.

Дар ин росто ҳукумати Тоҷикистон аз Русия хостори кӯмак дар амри бозгардонии шаҳрвандони худ шудааст. Ба навиштаи матбуоти Русия, ҷониби русӣ ба ин дархост посухи мусбат додааст, аммо интиқоли шаҳрвандони худ аз ин кишвари бӯҳрониро дар бартарият қарор додааст.

Юрий Бражников, директори раёсати амалиёти берунмарзии вазорати ҳолатҳои изтирории Русия эълон намуд, ки «дар ҳамоҳанги бо вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия, мо барои интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамсуд омода ҳастем.»

Аммо бар пояи баёнияи ҷаноби Бражников, вазорати ҳолатҳои изтирории Русия қабл аз ҳама шаҳрвандони Русияро интиқол хоҳад дод.

Ҳамзамон дар маркази кӯмакҳои таъҷилии вазорати ҳолатҳои изтирории ба РО гуфтанд, ки имрӯз дар парвози нахустин аз Либия, шаҳрвандони Русия ва Қазозистонро интиқол дода мешаванд.

Тоҷикистон дар талоши берун кардани шаҳрвандон аз Либия

Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон субҳи чаҳоршанбеи 23-юми феврал дар сӯҳбат бо РО гуфта буд, Тоҷикистон мақсад дорад, ки барои берун кардани шаҳрвандонаш аз Либия аз имконоти Русия истифода кунад.

Ҷаноби Назриев гуфта буд, вазорати корҳои хориҷӣ рӯзи гузашта ба ҷониби Русия ёддошт ирсол намуд, то тавонад дар амри берун кардани шаҳрвандонаш, ки дар Либия муваққатан ба сар мебаранд, мусоидат кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG