Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори қурбониҳо дар Крайстчёрч ба 75 расид


Шумори қурбониёни заминларзаи Зеландияи нав ба дастикам 75 нафар расид. Мақомоти шаҳри Крайстчёрч мегӯянд, даҳҳо тани дигар ҳамчунон бенишон ва ғолибан дар зери овор боқӣ мемонанд. Бино ба хабарҳо, гурӯҳҳои наҷотбахш ба хотири раҳоии афрод аз зери овор гоҳо маҷбур мешаванд, даст ё пои онҳоро бибуранд. Сарвазири Зеландияи нав Ҷон Кӣ дар пайи ин заминларлаи 6,3-балии дирӯза вазъи изтирории саросарӣ эълон кардааст. Ин зилзила пурқурбонитарин офати табиӣ дар Зеландияи нав дар 80 соли охир дониста мешавад. Соли 1931 бар асари як заминларзаи 7,8-баллӣ дар ин кишвар 256 нафар ҷон бохта буд.
XS
SM
MD
LG