Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷӣ бори дуввум сарвазири Косово интихоб шуд


Парлумони Косово бар асоси натоиҷи интихоботи моҳи декабр Ҳошим Тоҷиро барои бори дуввум сарвазир интихоб кард. Ба симати раисиҷумҳури Косово тоҷир Беҳҷет Паколлӣ баргузида шуд.
Ҳошим Тоҷӣ алорағми фишорҳои байналмилалӣ алайҳи ин фармондеҳи собиқи чирикиҳои Косово ба раёсати кобинаи вазирон интихоб шуд. Ӯ ба даст доштан дар қочоқи аъзои бадан айбдор мешавад. Паколӣ дар пайи ташкили эътилофи эътилофи "Косовои ҷадид"-и ӯ бо ҳизби демократи Тоҷӣ ба симати раёсатҷумҳурӣ расид.
Аҳзоби умдаи мухолиф интихоботи раисиҷумҳурро бойкот карда, гуфтанд, ки Паколӣ ба хотири пешбурди аҳдофи тиҷорӣ ва равобити тиҷориаш бо Русия вориди майдони сиёсат шудааст.
XS
SM
MD
LG