Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳзанҳо 4 амрикоии гаравгонро куштаанд


Чор амрикоие, ки киштии яхтаи онҳо дар ҳафтаи гузашта дар наздикии соҳили Уммон аз ҷониби роҳзанҳои дарёии Сомалӣ рабуда шуд, кушта шудаанд. Ситоди марказии артиши Амрико гуфт, музокира байни артиши дарёии Амрико ва раҳзанҳо ҳанӯз дар ҳоли идома буд, ки аз киштӣ садои тир омад. Маллоҳони амрикоӣ ба он киштӣ ҳамла оварда, ду раҳзанро ба ҳалокат расонданд ва 13 раҳзани дигарро асир гирифтанд. Аммо маълум шуд, ки амрикоиҳоро алакай куштаанд.
Ҳамлаи раҳзанон ба киштиҳои раҳгузар дар Африқои шарқӣ дар солҳои охир рӯ ба афзоиш оварда, ба манзури муқобила бо раҳзанҳо як корвони бузурги киштиҳои ҷангии кишварҳои дунё дар ин минтақа шино мекунанд.
XS
SM
MD
LG