Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои Амният хушунатҳои Либияро маҳкум кард


Шӯрои амнияти СММ саркӯбии эътирозгарон аз сӯи режими ҳокими Либия Муаммар Қаззофиро маҳкум кард ва хостори қатъи билофосилаи хушунатҳо дар ин кишвар шуд. Изҳороте, ки ҳамаи 15 узви Шӯрои амният онро тасвиб карданд, ҳамчунин ба расидагӣ ба хостҳои мардуми Либия вамақомоти Троблусро ба хештандорӣ, эҳсоси масъулият дар амри дифоъ аз мардум ва эҳтиром ба ҳуқуқи башар ва қонунҳои байналмилалӣ даъват мекунад. Ин баёния ҳамчунин тақозои дастрасии билофосилаи созмонҳои имдодӣ ва гурӯҳҳои дидбони ҳуқуқи башар ба Либияро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG