Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қаззофӣ гуфт, ки истеъфо нахоҳад дод


Раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ аз нирӯҳои тарафдораш хост, ошӯбҳои алайҳи ҳукумати 41-солаи ӯро фурӯ нишонанд. Қаззофӣ дар як паёми телевизионӣ ҳушдор дод, ки тазоҳургарони мусаллаҳ эъдом хоҳанд шуд. Ӯ ҳамчунин гуфт, то охирин қатраи хунаш мубориза бурда, аз раҳбарии Либия даст нахоҳад кашид.
Бино ба хабарҳо, дар ҷараёни 8 рӯзи ошӯбҳо дар Либия садҳо нафар кушта шуда, давлат алайҳи тазоҳургарон аз силоҳи ҷангӣ ва ҳатто аз ҳавопаймоҳо истифода бурдааст. Навил Пилай, кумиссари ҳуқуқи башари СММ хостори таҳқиқи хушунатҳои Либия шуд.
XS
SM
MD
LG