Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои ҳукми тӯлонӣ барои ду ёри Боқиев


Айбдоркунанда дар додгоҳи Қирғизистон барои ду мансабдори собиқи муттаҳам ба ташкили беназмиҳо дар Ӯшу Ҷалолобод ва қасди ғасби қудрат ҳукми тӯлонии зиндонро тақозо кардааст. Додситон аз қозии мурофиа барои Исҳоқ Масолеҳов, вакили пешини парлумон ва раҳбари ҳизби коммунист, 14 соли зиндон ва барои Ҳусейн Содиқов, раҳбари собиқи дастгоҳи раёсатҷумҳурии Қурмонбек Боқиев, 18 соли зиндон пурсидааст. Дар моҳи майи соли гузашта гурӯҳҳои марбут ба Боқиев бинои идороти давлатӣ дар Ӯшу Ҷалолободро барои як муддати кӯтоҳ ғасб карданд. Ба бовари тафтишот, ташкилдиҳандаи он ошӯбҳо Содиқов ва Масолеҳов буда, мақомот сабти сӯҳбати телефонии онҳо пиромуни ин мавзӯъ низ дастрас кардаанд.
XS
SM
MD
LG