Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти Сафармуҳаммад Айюбӣ


Дирӯз ҷанозаи шоири шинохтаи тоҷик Сафармуҳаммад Айюбӣ дар оромгоҳи Лучоби Душанбе манзили охират пайдо кард. Сафармуҳаммад Айюбӣ, ки солҳои охир аз маризии саратон ранҷ мекашид, дар синни 66 ба зиндагӣ падруд гуфт. Шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар маросими видоъ бо шоир аз ӯ ба унвони як шоири қавӣ ва озодбаён ёд кард. Китобҳои шеъри “Гули гандум”,”Шохаи барқ”, “Роҳи сафед”, “Хоки ташна” ва “Ҷилвагоҳи офтоб” ва намоишномаҳои “Драмаи миллат”, “Фишор”, “Ориё” ва “Заволи Чамбули мастон” меросест, ки аз Сафармуҳаммад Айюбӣ барои адабиёти тоҷик мемонад.
XS
SM
MD
LG