Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди бадарғаи чеченҳову ингушҳо ва Рӯзи артиш


Имрӯз, 23 феврал, солгарди аз сӯи раҳбари вақти шӯравӣ Иосиф Сталин ба Осиёи Марказӣ бадарға шудани чеченҳову ингушҳост. Ин ду қавмро дар соли 1944 бо тамғаи “ҳамкорӣ бо нирӯҳои Олмони фашистӣ” аз заминҳои аҷдодии онҳо берун карданд.
Имрӯз раисиҷумҳури Покистон Осифалӣ Зардорӣ дар Токио бо императори Ҷопон Акиҳито мулоқот мекунад.
Имрӯз Бунёди Карнегӣ дар Вошингтон омилҳо ва пайомадҳои иқтисодии ошӯбҳои дунёи Арабро ба баҳс хоҳад кашид.
Ва ҳам имрӯз, 23 феврал, солгарди 18-уми таъсиси артиши миллии Тоҷикистон аст. Ин артиш соли 1993 дар заминаи воҳидҳои низомии Фронти халқӣ, як ҷониби ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ташкил шуд.
XS
SM
MD
LG