Пайвандҳои дастрасӣ

Султон Мирзошоев, cобиқ раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, бознишаста шуда, даврони пирӣ меронад.

Вай то се соли пеш раҳбарии "Кохи Ваҳдат" дар шаҳри Душанберо бар ӯҳда дошт.

Дар сӯҳбате, ки хабарнигори Радиои Озодӣ бо ҷаноби Мирзошоев дошт, аз ӯ пурсид, ки чӣ гуна аз ин мақоми худ канор рафт?

Султон Мирзошоев: "Соли 2007 аз раисҷумҳур хоҳиш кардам,

Султон Мирзошоев ва Абдуқаюми Қаюмзод ҳангоми сӯҳбат

ки фаъолияти худро ба унвони раиси "Кохи Ваҳдат" ба итмом расонам ва ҳамин тавр ҳам шуд. Шукр мекунам, ки бо се фарзанду набераҳо, ҳамсолону ёру рафиқон ва дар қатори мардум зиндагӣ дорам. Ҳар сол як ё ду бор табобат мегирам. Кори асосиям гоҳ-гоҳе навиштан аст ва зиёд китоб мехонам."

Суол: Вақте гуфтед, ки дигар мехоҳам истироҳат кунам ва аз кор биравам раисҷумҳур чӣ вокуниш кард?

Султон Мирзошоев: "Вақте маро пазироӣ карданд, аввал пурсиданд, ки оё кадом масъалаи ҷиддӣ аст? Гуфтам аризаро назди шумо овардам, акнун маро ҷавоб диҳед. Синну солам ҳам ба ҷое рафт.

Ҳа, "магар пир шудӣ" гуфта савол доданд. Хуб, дигар як сӯҳбате доштем ва бароям як тӯҳфае тақдим карданд. Ин ду сиккаи нуқрагии ба муносибати 15-солагии истиқлолияти давлат буд. Аз ман ташаккур карданд ва гуфтанд, ки боз кӯмак кунед. Таъкид карданд, ки шумо узви ҳаракати ҷамъиятии "Ваҳдати миллӣ" ҳастед, дар ҷаласаҳо ширкат варзеду машварат диҳед. Шукри Худо, ҳоло ҳамин хел ҳам ҳаст. Худро аз фаъолияти ҷамъиятиву сиёсӣ он қадар дур накардаам."

РАҲБАРИ ДАВЛАТ МАНЗИЛ НАДОШТ

Суол: Дар давраҳои вазнин роҳбари дастгоҳи сардори давлат будед, чӣ гуна ба масоил ва мушкилот расидагӣ мекардед?

Султон Мирзошоев: "Солҳои 1993-94 роҳбари дастгоҳи сардори давлат будам. Вақте дар Кӯлоб ба ҳайси раҳбари Ҳизби коммунист ба нафақа баромадам, сарвари давлат маро даъват намуд. Маҳмадсаид Убайдуллоев омаданд ва гуфтанд, ки сардори давлат шуморо даъват дорад. Ба ҳузури сардори давлат омадам. Гуфтанд, ки ният дорем дастгоҳи роҳбари давлатро ташкил диҳем. Ҳамин тавр, низомнома ва равияи кори дастгоҳро таҳия ва ба тартиб даровардем. Баъди аз назари сардори давлат гузаронидани ин нақша корро шурӯъ кардем. Ба ростӣ, кор душвор буд. Аммо масъалаи асосии он давра қатъ кардани ҷанги бародаркушӣ буд."

"АЗ СИЁСАТ ЧАНДОН ДУР НАШУДААМ"


"Ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли ин масъала, ки масъалаи буду нобудии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Масъалаи дуюм, таъмини аҳолӣ бо ғалла ва дигар маводи ғизоӣ буд. Сеюм масъала роҳандозӣ ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ буд, ки Тоҷикистон дар амри ҳалли муноқиша ва расидан ба сулҳу субот ҷонибдорони зиёд дошта бошад. Як вақт роҳбари давлат ба ман супориш доданд, ки бо иттифоқи донишмандону олимон дар бораи ба вуҷуд овардани як ғояи умумимиллӣ биандешем. Акбар Турсунов ва Мӯсо Диноршоев, ду тан аз донишмандони машҳурамонро даъват карда, моҳияти мақсаду мароми сардори давлатро фаҳмонидам ва гуфтам ягон пешниҳоду дархосте дар атрофи ин масъала доранд, ки баён кунанд ва мардум ҳамчун як воситаи муҳими барқарории сулҳу салоҳи Тоҷикистон ва ояндаи он қабул карда тавонанд.

Ҳарду даҳ-дувоздаҳ варақӣ навишта оварданд. Бо ҳамроҳии Сайидмурод Фаттоев, Давлаталӣ Давлатов ва раҳматӣ Қурбон Расулов бисёр бодиққат хондем. Ба хулоса омадем, ки ин олимони намоёни тоҷик он чизе, ки ба қалам додаанд, ба вазъияти он рӯзу сол он қадар мувофиқ нест. Барои ҳамин, мо чӣ хеле пештар зикр кардам, он се масъаларо пешниҳоди сардори давлат кардем. Ғояи асосии миллати тоҷик дар шароити он рӯз ин нигоҳ доштани давлати Тоҷикистон, қатъ кардани ҷанг ва ҷилавгирӣ аз идомаи муҳоҷирати мардум ба Афғонистон, таъмини мардум бо ғизост. Фаъолияти асосии мо атрофи ин масоил буд. Бовар мекунед, то соатҳои даҳи шаб дар ҷойи кор менишастем. Гоҳо роҳбари давлат занг мезаду мегуфт, ки ҳанӯз ҳам шиштаӣ, ман-ку хона надорам, ту рав назди фарзандонат. Ман пиёда мерафтаму пиёда меомадам."

Суол: Сардори давлат он вақт зану фарзанди худро наоварда буд?

Султон Мирзошоев: "Не, не. Хона низ надоштанд. Зану фарзандашонро баъди интихоб шудан оварданд. Хонае, ки имрӯз зиндагӣ доранд, он вақт ҳукумати ҷумҳурӣ саросемавор таъмир кард, ки ба талаботи зиндагӣ ҷавобгӯ набуд. Баъдтар, дубора сохтанду мустаҳкамтар карданд. Ба ноҳияи Данғара ҳам ду-се моҳ пас бо сафари корӣ мерафтанд."

Суол: Мегӯянд, вақте шумо роҳбари дастгоҳ будед, яке аз наздикони сардори давлат ҳисоб мешудед. Дар бисёре аз масъалаҳо, аз ҷумла масъалаи ҷосозии кадрҳо маслиҳату машварат медодед. Ин ҳарфҳо дурустанд?

Султон Мирзошоев: "Ин дуруст ба он маъност, ки банда солҳои тӯлонӣ дар ин ё он вазифа кор кардам ва ҷумҳуриро бисёр гашта, кадрҳоро хуб медонам, кадрҳои бахшҳои гуногунро. Аз нуқтаи назари худам баҳои воқеӣ ба ин ё он кадр медодам. Он солҳо дар воқеъ душвор буд. Душворӣ пеш аз ҳама дар он буд, ки дар миёни мардум таъбирҳои «юрчик»-у «вовчик» сахт паҳн шуда буд.

Он вақт аз ин нуқтаи назар баҳо медоданд. Дар он давраи ҳассосе, ки муборизаҳо идома дошт, дар байни ин ё он сангар боз шахсиятҳои донишманду ояндабин кам набуданд. Роҳбари давлат дар бисёр мавридҳо маслиҳатҳо мекард. Бо бовари комил гуфта метавонам, он маслиҳатҳое, ки муҳокима мешуданду сардори давлат худашон боз меомӯхтанд, тақрибан бехато буд. Барои он ки мо манфиати маҳаллӣ, ҷуғрофӣ ва қавмиро ба назар намегирифтем. Вале новобаста аз маслиҳату машварат масъаларо дар охир худи сардори давлат ҳал мекард."

НАБОЯД ҲАРФИ МАҲАЛ БОШАД

Суол: Гуфтед, ки маҳал ба эътибор гирифта намешуд. Имрӯз чӣ? Оё ба назаратон таносуби маҳал дар ҳукумат риоят шудааст? Ягон маҳалле бартарӣ надорад?

Султон Мирзошоев: "Ин тавр аст, ки маҳалро аз нуқтаи назари идорасозии давлат қатъи назар карда намешавад. Баъзеҳо фикр доранд, ки идоракунии давлат кори осон аст ва дар курсӣ нишастӣ, худи кор пеш меравад. Ёдатон бошад, раиси ҷумҳур чандин бор ёдоварӣ карда буд, ки вақте ҳукумати ҷадидро ташкил додем, бисёриҳо нахостанд, ки ба ин ё он мансаб таъйин шаванд.

Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки ҳукумати нав рӯи кор

омад, буданд афроде, ки на танҳо вазифа, ҳатто ба Душанбе омадан намехостанд. Имрӯз фикр мекунам кадрҳо аз рӯи софдилона хидмат кардан ба Тоҷикистони соҳибистиқлол интихоб мешаванд ва сифати кордониву мутахассисии онҳо ба назар гирифта мешавад. Бубинед, ҳоло дар Русия қариб 70-80 дарсади роҳбарони ниҳодҳо аз Санкт-Петербург, зодгоҳи Путин ва Медведеванд. Вақте мо дар арафаи таҷлил аз 20-умин солгарди истиқлолият қарор дорем, аз маҳал бояд гап кам бошад. Имрӯз барои кишварамон кадрҳои дорои тахассуси олӣ, ҳирфаӣ, бо ҷаҳонбинии баланд лозиманд."

НА ҲАМА БА САВГАНДАШ СОДИҚ АСТ

Суол: Фикр мекунед, онҳое, ки дар ҳукумат имрӯз фаъолият доранд ҳамаашон аз ин сифатҳо бархӯрдоранд?

Султон Мирзошоев: "Не. Имрӯз бо он ки мақомоти тафтишот маълум мекунад ва бо он ки президент онҳоро аз кор озод мекунад, маълум мешавад, на ҳамаи онҳо сазовори вазифа ва мансаби давлатӣ будаанд. Онҳо софдилона ва аз рӯи виҷдон кор накардаанд. Кор то ба ҷое кашид, ки президент як гурӯҳи онҳоро бо Қуръони шариф қасам дод, ки бо дасту дили пок кор кунанд ва аз ришваву фасод парҳез намоянд. Лекин на ҳамаи онҳо ба савганди дода содиқ монданд."

"ДИГАР БОЗНИШАСТААМ"

Суол: Оё ҳанӯз ҳам раисҷумҳур дар ин ё он маврид бо шумо маслиҳат ва машварат мекунанд? Чун дар байни мардум ҳамин гуна бардоштҳое ҳаст, ки шумо аз мушовирони пасипардагии раисҷумҳуред?

Султон Мирзошоев: Не, не. То соли 1998, ки фаъолият доштам, чунин мавридҳо гоҳ-гоҳе пеш меомад. Вале ҳоло аз ин маслиҳат ва машваратҳо барканорам. Барои он ки ҳоло дар атрофашон мушовирҳо ҳастанд. Вақте ки мо дастгоҳи сардори давлатро таъсис додем, дар онҷо шӯъбаи кадрҳоро низ ташкил кардем. Ҳоло одами нафақахӯрам, бояд нафақаи худро хӯрда гардам. Ба ҳеҷ кас халал нарасонам. Аз ин рӯ, ҳам президент розӣ аст ва ҳам ман."

РАИСҶУМҲУР НИЗ ФИКР МЕКУНАД

Суол: Чуноне зикр кардед, хеле аз кадрҳои ҷумҳуриро аз тамоми манотиқи кишвар мешиносед ва фикр мекунед имрӯз афроде ҳастанд, ки битавонанд раисҷумҳурро ҷойгузин бошанд?

Султон Мирзошоев: "Мумкин худашон тарбият карда истода бошанд. Барои он ки ҳар яке дар курсии роҳбарӣ нишастааст, абадӣ нест. Нурсултон Назарбоевро бинед. Мардум ҷангҷол карда истодааст, ба ҷойи интихоботи соли 2014 интихоботро пештар оварданд. Фикр мекунам, роҳбари давлат ҳам ин тараф фикр мекунад, мардум ҳам фикр мекунад ва мо мӯсафедҳо дуо мекунем, ки ҷумҳурии мо ором бошад, осуда бошад, кашмакаш нашавад. Худо он рӯзҳое, ки ба сари мардуми мо оварда буд, дигар наояд.

Бовар мекунед, бо он мӯсафедоне, ки дар вохӯриҳо бо президент дастони президентро гирифта бӯса мекунанду кампирон «шоҳам» гуфта муроҷиат мекунанд, рости гап ин суханҳо, ин баҳои онҳоро аз бисёр суханони роҳбарони вилоёту ноҳияву дигару дигар болотар медонам. Умед дорам, ки давраи гузариши мо оҳиста-оҳиста, вале ба қадами қатъии пешравии мо мубаддал шавад. Қадами қатъӣ ҳам дар соҳаи демократикунонӣ, ҳам дар ҷиҳати тоза шудан аз фасоду дигару дигар. Вақте Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасод санадҳоро ошкор мекунад, одам дар ҳайрат мемонад."

ҒАФУРОВ, ӮЛҶАБОЕВ ВА РАСУЛОВ

Суол: Шумо бо бисёре аз роҳбарони ҷумҳурӣ кор кардаед. Ба назари шумо кадоме аз онҳо бештар ба ҷумҳурӣ манфиат оварданд?

Султон Мирзошоев: Рушду нумӯи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба фаъолияти бисёр пурсамари се нафар аз роҳбарон – Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев ва Ҷаббор Расулов бастагӣ дорад. Намешавад гуфт, ки усули роҳбарӣ ва ғамхории онҳо якранг буд. Не, ҳар кадоме аз инҳо усулу рафтори гуногуни худро доштанд. Лекин онҳо лидерҳои Тоҷикистон буданд. Баъд аз рафтани онҳо Раҳмон Набиев ва Қаҳҳор Маҳкамов натавонистанд роҳбарӣ кунанд. Ҳатто он масъалаҳои муҳимми стратегиеро, ки ҷумҳурӣ ба зимма дошт, иҷро карда натавонистанд. Баъд аз соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин хислатҳои онҳоро идома медиҳад. Хидмати асосии Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама дар он аст, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлат нигоҳ дошта тавонист ва нагузошт, ки миллат пароканда ва нобуд шавад.

Албатта, инро ҳамагон, аз ҷумла аз мухолифон Саид Абдуллоҳи Нурӣ ҳам баъдтар, яъне дар соли дуюм ва сеюми роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон фаҳмид. Худашон дар як вохӯрӣ гуфтанд, ки ман аз мулоқоте, ки бо ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон доштам пай бурдам, ки дар воқеъ ғамхору роҳбари воқеии Тоҷикистон аст. Ин гапро дар Афғонистон гуфтанд. То ба имрӯз он шиори Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфт «ман ба шумо сулҳ меорам» дар дилу ҷони мардум ҷо гирифтаст. Чӣ қадар агар мо камбуд ва норасоиӣ дар ҷумҳурӣ мушоҳида намоем ҳам, вале биёед, як мунсифона нигоҳ кунем, ки ин ҳама тағйирот, сохтмони роҳҳо, бунёди нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ ҳама муваффақиятҳои замони Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Худи масъалаи Роғунро бигирем. Фикр мекунам, нафари дигар мебуд, аз аввалин фишори ҳамсояҳо ва дигар душманони миллату давлати мо дар ҷояш менишаст.

Инро на ба он хотир мегӯям, ки ман данғарагиву Эмомалӣ Раҳмон ҳам данғарагист. Ман данғарагии душанбегӣ, ки 45 сол мешавад дар ин ҷо кору зиндагӣ мекунам. Вале чун ҷои гуфтан омад, дар Энсиклопедияи шаҳри Душанбе, ки ба муносибати 80-солагии пойтахт нашр шуд, сухане дар бораи маро ҷо надодаанд. Исми чанд мудири мағозаву ресторанҳо ҳасту номи ман нест. Ман Диноршоевро гуфтам. Вақте китоб нашр шуду Маҳмадсаид Убайдуллоев онро тақдим кард, гуфтам акаи Мӯсо мо чӣ гуноҳ кардем, ки дар энсиклопедияи пойтахт ҷо надодед. Гуфт, ҳеҷ, ҳуҷҷатҳоро ҷамъ карда наовардед, барои ҳамин. Гуфтам, кадом нафар ба шумо «дело» карда, супорид, ки номаш дар ин китоб сабт шавад."

Суол: Аз ҳамкорону зердастон ва дӯстони собиқ бо киҳо алоқа доред, киҳо ба суроғатон меоянд?

Султон Мирзошоев: Аз шаст соли кор 45 соли он дар вазифаҳои аввал кор кардаам. Дар чаҳорчӯбаи қонуну қоида ва дар чаҳорчӯбае, ки аз тарбияи падару модар ва аз тарбияти мардуми Тоҷикистон гирифтаам, кор кардам. Аз Маскав, Қазоқистон, Қирғизистон аз Туркманистон ва аз Ню-Йорк ба ман телефон мекунанд, мепурсанд, соли навро табрик мегӯянд. Лекин ба ҳар сурат якчанд рафиқоне ҳастанд, ки тамоми умр бо ҳам вафодор мондем.

Барои мисол, ҳамсояамон Сӯфиев Камол, ки дар Колхозободу Ванҷу Ваҳдат чандин сол дар вазифаи котиби аввали ҳизби ин

ноҳияҳо кор кардааст. 9 сол вазири саноати хӯрокворӣ ва дар охири вақтҳо раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар буд. Аз соли 1957, аз замони кор дар комсол мешиносам ва то ҳол ин шиносоӣ ва дӯстӣ идома дорад. Як бурида нонро бо ҳам мебинем. Аз ҳамсолҳо бо Ӯктам Яхшибоев, ки он кас низ солҳои зиёд дар навоҳии кишвар, аз ҷумла дар Турсунзода котиби аввал буданд, дӯстиву рафоқати мо ҳифз шудааст. Муносибат бо Қаҳҳор Маҳкамов ҳам хуб аст. Гоҳ-гоҳ дар вохӯриҳову ҷаласаҳо мебинему сӯҳбат мекунем. Бо нависандаҳову журналистҳо низ муносибати хуб дорам. Ягон кас худоро шукр, ки дар кӯча маро дида рӯяшро нагардондааст."

Суол: Раисҷумҳур ҳам аз аҳволатон мепурсад?

Султон Мирзошоев: Мепурсад. Дар чорабиниҳову тантанаҳо даъват мекунад. Аз аҳволи мо бохабар шуда меистанд.

Суол: Ягон кӯмак ҳам мекунанд?

Султон Мирзошоев: Мӯҳтоҷи кӯмак нестам...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG