Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев аз давомдор шудани хушунатҳои ҷаҳони Араб ҳушдор дод


Медведев дар нишасти Владикавказ 22 феврали соли 2011
Медведев дар нишасти Владикавказ 22 феврали соли 2011
Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев имрӯз ҳушдор дод, ки эътирозҳо дар саросари Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ боиси пора-пора шудани кишварҳои арабӣ ва давомдор шудани хушунатҳо хоҳад шуд.

Медведев, ки дар нишасти амниятии Владикавказ, пойтахти Осетияи Шимолӣ дар Қафқози Шимолӣ суханронӣ мекард, гуфт:

“Эҳтимоли воқеӣ вуҷуд дорад, ки баъзе рӯйдодҳои хеле ҷиддӣ рух медиҳанду дар ҷаҳони Араб гурӯҳҳои мутаассиб сари қудрат меоянд. Ин маънои онро дорад, ки даҳсолаҳои баъдӣ хушунати зиёду тавсеаи тундгароиро интизор шавем.

Мо бояд ҳақиқатро бигӯем. Ингуна сенарийро онҳо пештар барои мо ҳам омода мекарданд. Ҳоло ҳам онҳо талош хоҳанд кард, ки ин сенарийро амалӣ кунанд. Аммо ба ҳар сурат, бояд гуфт, ки онҳо ба ҳадаф намерасанд”.


Русия дар Қафқози Шимолӣ зидди гурӯҳҳои шӯришии исломӣ ҷанг эълон кардааст, вале мизони баланди фасод ва фақр боиси ҷалби бештари ҷавонҳо ба сафи гурӯҳҳои ҷудоихоҳ мешавад.
XS
SM
MD
LG