Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону САҲА: Марз, озодӣ ва об


Мудири Маркази ҷилавгирӣ аз низоъҳои САҲА бо мақомот ва намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон мулоқот намудааст.

Дар ин мулоқотҳо, масъалаи тақвияти марзи Тоҷикистон, баҳси мудирияти обҳои минтақа, масъалаи рушди ниҳодҳои демократӣ ва озодии матбуот мавриди таваҷҷӯҳ ва табодули назар қарор доштааст. Се масъалаи марз, озоди баён ва истифода аз обҳои минтақа муҳимтарин ва ҳассостарин масъалаҳо барои ҷомеаи имрӯзи Тоҷикуистон маҳсуб мешаванд.

Ҳерберт Залбер, бо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот ва ояндаи ҳамкориҳои ин созмон бо Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

АМНИЯТИ МАРЗҲО


Ҳимоят аз амнияти марзҳо, тақвият ва такмили низоми марзбонии Тоҷикистон ва нақши САҲА дар ин барнома дар меҳвари ин гуфтугӯҳо қарор доштааст. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз саҳми САҲА дар амри тақвияти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва омӯзиш додани мутаххасисони тоҷик тақдир кардааст.

Давлат Назрӣ
Давлат Назриев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин маврид гуфт: «дар ин вохурӣ як қатор ҳамкориҳои Тоҷикистон бо САҲА баррасӣ шуд. Аз ҷумла, Ҳамрохон Зарифӣ ва Ҳелберт Залбер масъалаи ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмонро дар мавриди тақвияти марзӣ, таҳкими низоми ҳифозати марзҳо баррасӣ карданд. Аз ҷумла он кӯмакҳое, ки аз ҷониби САҲА ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон расонида мешавад, аз ҷумла коре, ки Колеҷи марзбонии САҲА дар Душанбе иҷро мекунад, аз ҷониби вазири корҳои хориҷӣ баҳои баланд гирифтанд».

Иттиҳоди Аврупо, САҲА, ва инчунин Амрико аз соли 2004 ба ин сӯ, яъне аз замони ба ихтиёри нерӯҳои марзбони Тоҷикистон гузаштани ҳимояти марзҳои кишвар бештарин мизони кӯмакҳои молӣ ва техникиро ба Тоҷикистон расонидаанд. Тавассути барномаи кӯмаки ИА барои тақвияти марзҳои Осиёи Марказӣ ё ба истилоҳ БОМКА баъд аз хуруҷи нерӯҳои марзбони рус дар соли 2004 кишварҳои аврупоӣ барои амнияти марзҳои Тоҷикистон бештар аз 12 миллион доллар сармоягузорӣ карданд. Дар чаҳорчӯби ин барнома, даҳҳо посгоҳи марзӣ бозсозӣ шуда, маркази таълимии марзбонон таҷҳиз гашта, гузаргоҳҳои марзӣ бо техникаи зарурӣ таъмин шуда ва Колеҷи идораи марзбонӣ таъсис шудааст.

Ин масъала замоне мавриди баҳси намояндаи САҲА ва мақомоти Тоҷикистон қарор гирифтааст, ки ду рӯзи пеш музокироти Тоҷикистон ва Русия бар сари тамдиди замони ҳузури ҳайати мушовирони русӣ дар сафи нерӯҳои марзбонони Тоҷикистон бенатиҷа анҷом ёфт. Ва аз чанд моҳ ба ин сӯ дар расонаҳои Русия баҳси бозгашти эҳтимолии нерӯҳои русӣ ба марзи Тоҷикистон матраҳ аст.

Коршиносон мегӯянд, ин мулоқот фиристодаи САҲА бо мақомоти Тоҷикистон ва матраҳ шудани масъалаи марзҳо низ метавонад дар заминаи нигаронӣ аз ҳамин масъала қобили арзёбӣ бошад. Аммо оё кӯмакҳои ба нерӯҳои марзбони тоҷик расида барои бениёз шудани ин нерӯҳо то куҷо кофӣ будааст?

Қосими Бекмуҳаммад
Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик мегӯяд: «Кӯмакҳое, ки ИА ва САҲА ба марзбонони тоҷик расонидааст, муассир аст. Тоҷикистон узви чанд паймон дар Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд аст ва аз ҷумла узви СПАД ва наметавонад дар масоили амниятӣ аз муқаррароти ин тааҳҳудот фаротар по бигузорад. Аммо дар масъалаи тақвияти марз ва беҳбуд бахшидани низоми ҳимоят аз марзҳои худ барои ҳамкории дуҷониба бо кишварҳои аврупоӣ ҳеҷ маҳдудияте надорад. Ва ин ба ҳунар ва дипломатияи тоҷик марбут мешавад, ки то куҷо аз рақобатҳои пешомада миёни тарафҳо ва қудратҳои мухталиф бар сари ин масъала метавонад ҳадди аксари баҳрабардориро дошта бошад».

МУШКИЛОТИ ҶОМЕАИ МАДАНӢ

Аммо аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ аз мулоқотҳои пай дар пайи се рӯзи охири намояндагони САҲА бо мақомот ва ҷомеаи мадании Тоҷикистон таваққӯи дигаре доранд. Ду рӯзи гузашта фиристодагони ин созмон дар умури интихобот ва озодиҳои маданӣ низ бо ақшори мухталиф мулоқотҳое анҷом додаанд.

Аҳзоби сиёсиро бештар маҳдудиятҳои сиёсӣ, маҳудияти озодии баён ва матбуот ва интихоботҳои ношаффоф нигарон кардааст ва хостори нақши муассиртари САҲА дар амри иҷрои меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон ҳастанд.

Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, ки дар чанд мулоқотҳои ахири намояндагони САҲА ширкат доштааст мегӯяд, мушкили асосии ин созмон кор гирифтан аз стандатҳои дугона аст ва ин масъаларо дар мулоқотҳо бо фиристодагони САҲА матраҳ кардааст. Оқои Ҳайит мегӯяд: «Ман пешниҳод кардам, ки аввал аз ҳама САҲА, аз муносибати дугона ба кишварҳо даст кашад. Бояд қотеътар бошанд ва дар мавриди
Маҳмадалӣ Ҳайит
поймолшавии ҳуқуқҳои мардум ҷиддияти том нишон диҳанд. Мисоли одӣ баъди интихоботи Белорусия ИА, САҲА ва кишварҳои аврупоӣ нисбати Лукашенко ва 140 нафар аз мақомоти ин кишвар таҳрим ҷорӣ карданд ва гуфтанд, ки онҳо ҳақ надоранд ба Аврупо сафар кунанд. Вале чаро зимни баргузории чунин интихоботҳо дар Осиёи Миёна як чунин муҷозотҳо нисбати режимҳои ин кишварҳо гирифта намешавад».


Ба ҳамин тартиб, ҳар қишре дар ҷомеъаи Тоҷикистон аз фиристодагони САҲА интизори хоси худро дорад.

ОЗОДИИ МАТБУОТ


Ва масъалаи мавриди таваҷҷӯҳ ва нигаронии расонаҳо, баҳсҳои додгоҳии нашрияҳои мустақил бо мақомоти давлатист, ки масъулони рӯзномаҳо умедворанд матраҳ шудани ин баҳс аз сӯи фиристодаи САҲА дар баррасии мунсифонаи парвандаҳои матбуот кӯмак кунад.

Феълан баҳси мақомоти вазорати дохилӣ бо «Азия плюс», баҳси се қозии додгоҳ бо нашрияҳои «Азия плюс», «Фараж», «Озодагон», баҳси як вакили собиқи порлумон бо «Чархи гардун» дар додгоҳҳо идома дорад. То кунун додгоҳ нашрияи «Пайкон»-ро ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ ба нафъи идораи давлатии «Тоҷикстандарт» ва нашрияи «Миллат» 1500 сомонӣ ба нафъи вазорати кишоварзӣ ҷарима бастааст, ки баҳси ин ду парванда дар зинаҳои дигари додгоҳ идома дорад.

Аммо танҳо масъалаи мавриди гуфтугӯ дар ин мулоқотҳо, ҳамаи гурӯҳҳо ва давлат дар сари он метавонанд тавофуқи назар дошта бошанд, мудирияти манобеи оби минтақа аст. Гурӯҳҳои ба ҳам рақиб дар Тоҷикистон дар сари ин масъала баҳс надоранд.
XS
SM
MD
LG