Пайвандҳои дастрасӣ

Эьтирозгарон дар Баҳрайн ба хиёбонҳои марказӣ рехтанд


Манама, эътирозгарон бо шиорҳои зиддиҳукуматӣ ба майдони Лулӯ омаданд

Манама, эътирозгарон бо шиорҳои зиддиҳукуматӣ ба майдони Лулӯ омаданд

Даҳҳо ҳазор тарафдорони мухолифини Баҳрайн ба раҳбарии гурӯҳҳои шиамазҳаби сиёсӣ ба хиёбонҳои пойтахт шаҳри Манама рехта истеъфои ҳукуматро талаб мекунанд. Мегӯянд, ин серҷамъияттарин эътироз баъди шурӯи намоишҳо дар ҳафтаи гузашта мебошад.

Алорағми амри шоҳ Ҳамад бин Исо ал-Халифа барои озод кардани ҳама зиндониҳои сиёсӣ, эътирозгарон имрӯз дар майдони марказии Лӯлӯи пойтахти Баҳрайн гирди ҳам омаданд.

Сокинони ин як давлати хурд дар Халиҷи Форс, вале аз лиҳози стратегӣ хеле муҳими Ғарб, ки нирӯҳои дарёии амрикоиро мизбонӣ мекунанд, аксар шиаён мебошанд, вале дар садри давлат хонаводаи суннимазҳаби шоҳӣ қарор дорад. Бар тибқи иттилои хабаргузории давлатӣ, исми нафароне, ки озод мешаванд, имрӯз маълум хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG