Пайвандҳои дастрасӣ

Комиссиюн: Звиад Гамсахурдиа кушта шуда буд


Қабри Звиад Гамсахурдиа

Қабри Звиад Гамсахурдиа

Як комиссиюни парлумонӣ дар Тифлис имрӯз гузориш дод, ки Звиад Гамсахурдиа, президенти нахустини Гурҷистон баъди фурӯпошии шӯравӣ бар асари куштор ҷони худро аз даст додааст.

Дар ҳукми комиссиюн гуфта мешавад, ки Гамсахурдиа рӯзи 31 декабри соли 1993 баъди аз вазифа барканор шуданаш кушта шудааст. Дар ҳукми қаблии ҳукумати Гурҷистон гуфта мешуд, ки Гамсахурдиа ба ҷони худ сӯиқасд карда буд.

Ҳарчанд ин гузориш ба таври мустақим касеро дар куштори Гамсахурдиа гунаҳгор намекунад, вале дар гузориш пурсишҳое дар заминаи арзёбиҳои мунсифонаи ин куштор аз ҷониби раиси вақти комиссиюн писари президент Константин Гамсахурдиа матраҳ шудааст.

Гамсахурдиа дар паи пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ сари кор омад, вале ҳамагӣ ҳашт моҳ баъди ин соли 1993 дар минтақаи ғарбии Гурҷистон кушта шуд.
XS
SM
MD
LG