Пайвандҳои дастрасӣ

Зилзилаи пуршиддате дар Зеландияи Нав 65 нафарро кушт


Мақомот гуфтанд, ки дар паи зилзилае ба шиддати 6,3 дараҷаи Риҳтер дар шаҳри Крисчӯчи Зеландияи Нав 65 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар изҳороти нахуствазир Ҷон Кей изҳори ташвиш мешавад, ки эҳтимолан шумори қурбониҳо боз ҳам афзоиш ёбад.

Дар паи шиддати пурқуввати замин ба ҳангоми нисфирӯзӣ дар дуюмин шаҳри калони Зеландияи Нав сохтмонҳои кориву манзилҳои зиёд ба хиёбонҳои серодам сарозер шуданд.

Мақомоти Крисчӯч дар ин шаҳр ҳолати фавқулодда ҷорӣ карданд. Сентябри соли гузашта дар ҳамин шаҳр зилзилаи боз ҳам пуршиддате ба андозаи 7,1 дараҷаи Риҳтер рух дода буд.
XS
SM
MD
LG