Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон аз боздошти боз 254 кӯдаки хиёбонӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа хабар медиҳад.

Маҳмадалӣ Салимов, сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони РКД-и Хатлон, мегӯяд, ин кӯдакон дар бозору хиёбонҳо дар ҳоли аробакашию покетфурӯшӣ ва машғул будан ба "корҳои сиёҳ" дастгир шудаанд. Дар ҳоле, ки дар ин вақту соат онҳо мебояд дар мактаби ҳамагонӣ дарс мехонданд. Ҷаноби Салимов афзуд, кӯдакони аз бозорҳо боздоштшуда барои мушаххас кардани ҳуввият ва маҳалли зисташон ба бинои милисаи маҳаллӣ бурда шудаанд:

Маҳмадалӣ Салимов, сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони РКД-и Хатлон
“Бо онҳо сӯҳбатҳои инфиродию тарбиявӣ гузаронида шуд. Он кӯдаконеро, ки беназорат монда бошанд, варақаҳои бақайдгирӣ мегиранд, то ки онҳоро мақомоти милиса ва ҳукуматҳои маҳаллӣ саривақт кору назорат кунанд. Ин кӯдакон аз ҳар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон барои коркунӣ ё бо сабабҳои дигар ба Қӯрғонтеппа омадаанд. Мутаассифона, ҳастанд оилаҳое, ки имрӯз масъулияти тарбия ва нигоҳубини фарзандони худро ба ӯҳда гирифта наметавонанд ва натиҷааш ин аст, ки кӯдакон ба оворагардию ҷинояткорӣ рӯ меоранд ва дар вақти гузаронидани рейдҳо аз ҷониби милиса дастгир карда мешаванд...”


Кӯдакон дар бозорҳо асосан ба боркашонӣ, аробакашӣ, мошиншӯӣ, покетфурӯшӣ ва мисли ин машғул мешаванд. Танҳо ба хотири дарёфти маблағи бештар наврасон аз ҳар гӯшаи Хатлон ба маркази маъмурии вилоят – шаҳри Қӯрғонтеппа меомадаанд:

“- Ман Ҳафизов Эраҷ ҳастам, аз шаҳри Кӯлоб. Дар бозори Қӯрғонтеппа аробакашӣ мекунам. Кор ҳозир суст аст, дар бозор раҳ намедиҳанд, мегӯянд, ки аввал аробаатонро краска кунед, баъд биёед. Болои ҳар клиент ҷанҷол мешавад. Азобай, лекин чӣ кор кунем?

- Ман 15-сола, дар синфи 8-ум мехонам. Дар ҳамин ҷо салафан мефурӯшам, дар вақти берун аз дарс. Барои буд кардани камбудиҳои
худам, барои харидани дафтари қалам ва китобҳо. Пули ёфтаамро барои ҳамин проблемаҳо сарф мекунам…”


Боздошти кӯдакони ба истилоҳ, мардикор, дар бозору хиёбонҳои Қӯрғонтеппа дар ҳолест, ки ҳоло дар Тоҷикистон тарҳи қонун дар бораи масъулияти волидон дар тарбияи фарзанд мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар сурати тасвиби ин санад, волидон барои бетаваҷҷӯҳӣ ба фарзандон ва ё истифода аз кору меҳнати пурмашаққати онон ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Ва аммо Исмон Ҷӯраев, мушовири шӯъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, дар бисёре аз маворид, волидон аз ночорӣ наметавонанд барои тарбия ва назорати фарзандон вақти кофӣ ҷудо кунанд. Гузашта аз ин, ба назари ҷаноби Ҷӯраев, кӯдакони овораю хиёбонӣ барои дарёфти қути лоямут роҳи бозорро пеш мегиранд:

“Мутаассифона, ҷудошавии оилаҳо, сатҳи камбағалӣ бисёр вақт сабаб мешавад, ки кӯдакон беназорат мемонанд. Масалан, бисёр аст чунин мисолҳо, ки падари кӯдак дар Русия аст ё ҷудо аз модараш зиндагӣ мекунад ва ҳамин тавр, фарзанд тарбияи лозимро гирифта наметавонад ва ҳатто аз таълим дар мактабҳо ҳам дур мемонад...”

Ва аммо мушовири шӯъбаи маориф афзуд, мақомот барои ҷалби иддае аз
Исмон Ҷӯраев, мушовири шӯъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа
кӯдакони овораю хиёбонӣ ба мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ироаи кӯмакҳои молиро ба хонаводаи онҳо дар назар дошта, адабиёти таълимӣ ва баъзе масрафоти таҳсилашонро низ ба дӯш хоҳад гирифт. Вай изҳори умедворӣ кард, ки дар сурати таҳия ва қабул шудани як барномаи тозаи дастгирии хонаводаҳои камбизоат ва серфарзанд дар Хатлон, мизони ба истилоҳ, мардикориҳои кӯдакон коҳиш ёфта ва сатҳи иштироки онҳо дар таълим дар макотиби ҳамагонӣ боло хоҳад рафт.

Равшани 12-сола аз як чунин хонаводаи нодор аст. Вай мегӯяд, ҳамроҳ бо модар ва чаҳор хоҳараш дар ноҳияи Бохтар ба сар мебарад ва шароити зисташон дар хона бисёр сангин будааст. Аз ин рӯ, Равшан соатҳои фориғ аз таҳсилаш ба бозори Қӯрғонтеппа омада, аробаеро киро мекунад ва то шом хизмати тоҷирон ва харидоронро анҷом медиҳад.

Аммо кормандони милиса ӯро ҳам дар қатори даҳҳо ҳамсолонаш дар бозор боздоштаанд. Орзуи Равшан ин будааст, ки вақте бузург шуд, афсари низомӣ шуда, сарпарасти пайвандони худ бошад:
“Калон, ки шудам, мехоҳам дар донишгоҳ таҳсил кунам. Дигар хешу таборонамон хондагӣ нестанд. Аз ин рӯ, мехоҳам хонда, афсари низомӣ шавам. Мехоҳам кор кунам, то ки пайвандонам дигар азоби зиндагӣ надошта бошанд. То ки онҳо аз ҳисоби ман хӯрда гарданд...”

Ин ҳама дар ҳолест, ки бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши мизони меҳнати кӯдакон ва канор мондани онҳо аз таълим дар макотиби ҳамагонӣ, мақомоти вилояти
Хатлон тасмим гирифтаанд, маркази вижаеро барои нигаҳдорӣ ва таҳвили ноболиғон ба хонаводаашон таъсис бидиҳанд.

Дар ин марказ, ки «таҳвилгоҳ» ном хоҳад дошт, кӯдакони аз таълим дурмондае, ки зимни амалиёти вижаи милиса дар кӯчаву бозорҳо боздошт мегарданд, муваққатан нигаҳдорӣ ва тарбият хоҳанд шуд.

Дар ҳоле ки шумори қобили мулоҳизаи ноболиғон дар ин авохир аз таҳсил канор монда, машғули кор дар бозору хиёбонҳо ҳастанд, коршиносон ва мақомоти умури дохила аз хабари таъсисёбии як чунин таҳвилгоҳи кӯдакон истиқбол мекунанд.

Дар сурати бунёди маркази вижаи нигаҳдорӣ ва тарбияти ноболиғон, он нахустин «таҳвилгоҳи кӯдакон» дар қаламрави вилояти Хатлон хоҳад буд, ки кӯдакони дастгиршударо ба давраи омӯзишии кӯтоҳмуддате то се моҳ фаро мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG