Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари сониҳаи ҷодаӣ дар шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд 6 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Дӯстмурод Забиров, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, гуфт, ин ҳодиса рӯзи 21-уми феврал дар километри 112-юми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ рух додааст.

Ба гуфтаи вай, як автомашинаи тамғаи "Mitsubishi Pajero" ба чуқурии 80-метрӣ сарозер шуда, шаш нафар аз мусофирон ҳалок ва худи ронанда бо ҷароҳати вазнин ба бемористон интиқол ёфтааст.



Бино ба иттилои мақомот, дар дохили автомашина ба ҷуз ронанда Қиёмиддин Ҷӯраеви 51-сола, Муҷассама Ҷӯраеваи 21-сола, Муяссара Ҷӯраеваи 18-сола, Диловар Ҷамилов ва Ибодулло Раҷабов будаанд.

То кунун ҷасади ду нафар аз онҳо - Муҷассама Ҷӯраева ва Ибодулло Раҷабов, ки ҳарду сокини ноҳияи Айнӣ будаанд, пайдо шуда, ҷустуҷӯи аҷсоди чаҳор нафари боқимонда идома дорад.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, ин сониҳаи ҷодаӣ бар асари бориши барфи зиёд ва яхбандлии роҳҳо донист.

Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир резиши тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд пешбинӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта бар асари резиши тарма дар минтақаи Майхураи роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, ҳудуди 35 мошин банд монда буд.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ 119 ҳодисаи нақлиётӣ ба вуқӯъ пайвастааст, ки бар асари он 50 нафар кушта ва 140 тани дигар захм бардоштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG