Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин бохти «Регар” дар Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон


Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи XVII байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон аз тими «Небитчӣ»-и Балканобод бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Дар мусобиқаи имсола 8 даста аз 5 кишвар – Арманистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эрон ширкат дорад. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд.

Ба гурӯҳи «А» тимҳои «Ганҷасар» (Капан, Арманистон), «Олтин Асир» (Ишқобод, Туркманистон), «Анжи” (Махачқалъа, Русия, ҳайати ҷавонон) ва "Огаб Гунбад" (Гунбад, Эрон) дохиланд.

“Регар-ТадАЗ” дар гурӯҳи «В» бо «Небитчӣ”, қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Туркманистон, «Шексна” (Череповетс, аз дивизиони дуввуми Русия) ва “Марв” (Марв, Туркманистон) қувваозмоӣ мекунад.

Бозии “Регар-ТадАЗ” дар даври аввали сабқати гурӯҳи “В” бо “ Небитчӣ” 21-уми феврал дар варзишгоҳи “Олимпӣ”-и Ишқобод пас аз маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқа баргузор шуд. Голҳоро В.Аликперов дар дақиқаи 36-ум ва М.Белих дар дақиқаи 63-юм ба самар расонданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “В” дастаи “Марв”-и Туркманистон бар тими “Шексна”-и Череповетс бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Голҳоро Д.Байрамов дар дақиқаи 51-ум ва Б.Иванов дар дақиқаи 77-ум заданд.

Ба ин тартиб дар гурӯҳи “В” “Небитчӣ” ва “Марв” бо 3-имтиёзӣ пешқадаманд. “Регар-ТадАЗ” ва “Шексна” хол надоранд.

Бозиҳои даври дуввум дар ин гурӯҳ 23-юми феврал дар варзишгоҳи “Ободон”-и шаҳри Ободон барпо мегарданд. Соати 15 бозии “Регар-ТадАЗ” бо “Шексна” шурӯъ мешавад. Баъдан соати 18 ду дастаи мизбонон - “Небитчӣ” ва “Марв” вориди рақобат хоҳанд шуд.

Бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи “А” бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расиданд: “Олтин асир” (Ишқобод) - “Ганҷасар” (Арманистон) – 0:1 (гол – Н.Григорян, дақиқаи 51-ум), “Анжи” (Махачқалъа) - “Огаб Гунбад” (Эрон) – 1:1 ( голҳо – Магомед Мирзобеков, дақиқаи 8-ум, “Анжи”, Алиакбар Муҳаммадӣ, дақиқаи 32-юм).

Дар гурӯҳи А” мавқеи дастаҳо чунин аст: “Ганҷасар” - 3 хол. “Анжи” - 1, “Огаб Гунбад” - 1, “Олтин асир” - 0.

Бар асоси низомномаи ин мусобиқа аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Ғолибони он ба бозии ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дастаҳои мағлубшуда барои ҷои севум мубориза мебаранд.

Маблағи ҷавоизи ин мусобиқа 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон ва 20 ҳазор доллар супурда мешавад. Дастае, ки мақоми дуввумро касб мекунад, бо 10 ҳазор доллар ва дастае, ки дар ҷои севум қарор мегирад, бо 5 ҳазор доллар мукофотонида хоҳанд шуд.

Дар мусобиқаи соли гузашта “Олтин-асир” дар бозии ниҳоӣ бар “Небитчӣ” бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада буд.

Тақвими бозиҳо

23 феврал
(Варзишгоҳи «Ободон»)


15.00 «Регар-ТадАЗ» – «Шексна»
18.00 «Небитчӣ» – «Марв»

24 феврал
(Варзишгоҳи «Олимпӣ»)


15.00 «Огаб Гунбад» – «Ганҷасар»
18.00 «Анжи» – «Олтин асир»

25 феврал
(Варзишгоҳи «Ободон»)


15.00 «Регар-ТадАЗ» – «Марв»
18.00 «Шексна» – «Небитчӣ»

26 феврал
1/2 финал (Варзишгоҳи «Ободон»)


15.00 Ғолиби гурӯҳи «А» – Дастаи ҷои дуввуми гурӯҳи «В»
18.00 Ғолиби гурӯҳи «В» – Дастаи ҷои дуввуми гурӯҳи «А»

28 феврал
(Варзишгоҳи «Олимпӣ»)


14.00 Бозӣ барои ҷои 3-юм
17.00 Финал
XS
SM
MD
LG