Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Сафармуҳаммад Аюбӣ


Сафармуҳаммад Аюбӣ, шоир ва драмнависи тоҷик
Сафармуҳаммад Аюбӣ, шоир ва драмнависи тоҷик

Шоир ва драмнависи тоҷик Сафармуҳаммад Аюбӣ, ки аз бемории саратони мағзӣ ранҷ мебурд, дар 66-солагӣ аз дунё даргузашт.

Вай шоири мардумии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва муаллифи чандин маҷмӯаи шеъру намоишномаҳост.

Соли гузашта Театри давлатии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоишномаи ӯро, ки ба ҷашни Ғалаба ва 20-солагии истиқлолият ихтисос ёфта буд, бо номи "Ориёӣ" рӯи саҳна овард.

Дар ҳамин ҳол, аҳли илму адаби Тоҷикистон даргузашти Сафармуҳаммад Аюбиро бохти дигаре ба адабиёти тоҷик хонданд.

Файзалӣ Ҳасан, овозхони тоҷик
Файзалӣ Ҳасан, овозхони тоҷик, мегӯяд ният дорад, ки ба чандин шеъру ғазалҳои ин шоири тоҷик оҳанг баста, иҷро бикунад.

Вай аз таронаи Сафармуҳаммади Аюбӣ ба унвони “Бе хоки ватан ҳеҷам” ёдоварӣ кард, ки дар даврони беназмиҳои солҳои навадум гуфта шуда, то кунун арзиши худро аз даст надодааст.

Ҷаноби Ҳасан афзуд, “рости гап, нисфи эҷодиёти аз шеъру ғазалҳои Сафармуҳаммад Аюбӣ иборат аст. Ёдам ҳаст, ки як суруд ба ман пешниҳод карда буд бо номи “Қаламқошони кӯлобӣ”. Ҳамчунин як шеъри "Шукрона бояд кард"-ро дод. Шахсан бисёр шеъру рубоиҳои Аюбиро аз бар медонам.”

Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, Сафармуҳаммад Аюбиро дар бист соли ахир аз “серҳосилтарин адиб” унвон кард.

Абдураззоқов аз он таассуф хӯрд, ки ӯ, Нур Табаров ва Бозор Собир, ки боре ба аёдати Сафармуҳаммад Аюбӣ омада буданд, ӯро дида натавонистаанд.



Мирзоватан Миров, ки драмаи “Фишор”-и Сафармуҳаммад Аюбиро рӯи саҳнаи театр овардааст, гуфт, “онҳое, ки мисли Аюбӣ драмаро бо назм бинависанд, хеле камшуморанд.”

Вай гуфт, оқои Аюбӣ аз қонунҳои театр огоҳ буд ва ҳангоми навиштани драма ҳама нозукиҳои саҳнаву ҳунармандро ба назари эътибор мегирифт. Мирзоватан Миров мегӯяд, онҳо бо Сафармуҳаммад Аюбӣ ҳамчунин “Заволи Ҷамбули Мастон”-ро рӯи саҳна овардаанд.

Сафармуҳаммад Аюбӣ дар соли 1945 дар шаҳри Кӯлоб зода шуда, соли 1974 факултаи филологияи русро хатм кардааст. Пас аз адои хидмати сарбозӣ, дар соли 1976 кори худро дар нашрияи вилоятии "Роҳи Ленин" оғоз мекунад.

Силсилаи шеърҳояш дар матбуоти даврии Тоҷикистон, аз ҷумла дар "Садои шарқ", "Адабиёт ва санъат" ва дигар нашрияҳо рӯи чоп омадаанд. Аз соли 1986 узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон аст.

Нахустин маҷмӯаи осори Сафармуҳаммад Аюбӣ бо номи "Гули гандум" дар соли 1981 ба чоп расидааст.

Китобҳои дигари ӯ - "Шохаи барқ", "Роҳи сафед", "Гандуми сироҷӣ", "Хоки ташна" ва "Ҷилвагоҳи офтоб" дар солҳои мухталиф ба табъ расидаанд. Вай ҳамчунин беш аз даҳ намоишномаи театрӣ навиштааст, ки маъруфтарини онҳо "Драмаи миллат" ва "Ориёӣ" аст.



Сафармуҳаммад Аюбӣ ҳамчунин дар телевизиони Тоҷикистон сардабири барномаҳои адабӣ-драмавӣ буда, аз соли 1996 то 2009 дар шӯъбаи фарҳанг ва робита бо ҷомеаи шаҳрдории Душанбе адои вазифа кардааст.

Аюбӣ, ки аз варами мағзи сар азият мекашид, ба Маскав рафта, ду бор дар Институти нейрохирургии пойтахти Русия ҷарроҳӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG