Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуттенберг аз унвони доктори илм даст мекашад


Вазири дифоъи Олмон Карл-Теодор зу Гуттенберг дар пайи ҳадсу гумонҳои бархоста бар сари эҳтимоли сирқат шудани бахши бузурге аз рисолаи илмиаш дархост кардааст, то унвони доктори илмашро лағв кунанд. Матбуот Гуттенберг, аз маъруфтарин сиёсатмадорони Олмонро ба нусхабардории бахшҳое аз рисолаи докториаш айбдор мекунад. Донишгоҳи Байреут, ки Гуттенберг дар он таҳсил кардааст, гуфт, аз ӯ ҷиҳати лағви унвони илмиаш ба далели “иштибоҳҳои ҷиддӣ” дар рисолаи соли 2006 дифоъшуда дархост гирифтааст. Гуттенберг роҳ ёфтани иштибоҳҳо дар рисолаашро эътироф кард, вале гуфт, ин сирқат ё инҳирофи қасдона набуд. Ӯ гуфтааст, ба раҳбарии вазорати дифоъ дар ҳукумати садри аъзами Олмон Ангела Меркел идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG