Пайвандҳои дастрасӣ

Заминларзаи дуввумин сангин дар Кристчёрч


Хабарҳои расида ҳокии захмӣ шудани афрод ва тахриби роҳҳову манозил бар асари заминларзаи 6,3-баллиест, ки имрӯз шаҳри Кристчёрч дар ҷануби Зеландияи навро таккон дод. Бино ба хабарҳо, офати табиӣ роҳҳову манзилҳоро дар ин минтақа тахриб карда, мунҷар ба қатъи интиқоли обу нирӯи барқ шудааст. Маркази геологии Амрико мегӯяд, маркази заминларза дар ҳамагӣ 4 километр умқ будааст. Дар 5 моҳи охир ин дуввумин зилзилаи шадид аст, ки ба Кристчёрч асобат мекунад. Дар моҳи сентябр ин минтақаро як заминларзаи 7,1-баллӣ таккон дода буд.
XS
SM
MD
LG