Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаззофӣ фирораш ба Венесуэларо радд кард


Раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ шоми душанбе барои муддати кӯтоҳи камтар аз як дақиқа дар телевизиони давлатӣ зоҳир шуд ва гуфт, ки ӯ дар пойтахт, Троблус аст ва ба Венесуэла фирор накардааст. Навор Қаззофиро дар курсии нишасти як мошин ва чатре дар даст, ки ба берун аз дари кушодаи мошин боз шуда буд, намоиш дод. Ин зуҳури Қаззофӣ дар пардаи телевизион дар ҳолест, ки нирӯҳои амниятии Либия ба саркӯбии хунини эътирозҳои зидди ӯ идома медиҳанд. Бино ба хабарҳо, дар ошӯбҳои Либия то имрӯз садҳо нафар кушта шудаанд. Ноиби сафири Либия дар СММ Иброҳим Дабошӣ ба сафи он чеҳраҳои шинохтае пайваст, ки истеъфои Муаммар Қаззофӣ аз раҳбарии Либияро талаб мекунанд. Вазири хориҷаи Амрико хушунатҳо дар Либияро “ғайри қобили қабул” номида, Муаммар Қаззофиро ба қатъи билофосилаи хунрезӣ хондааст.
XS
SM
MD
LG