Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи хунин дар Имомсоҳиб 31 кушта дод


Ҳамлаи маргталабона дар шимоли Афғонистон дастикам 31 кушта ва 42 захмӣ ба ҷо гузошт. Муҳаммадайюби Ҳақёр, як мақоми давлатӣ гуфт, ки маргталаб худро дар байни издиҳоме тарконд, ки дар улусволии Имомсоҳиби вилояти Қундуз барои шиносномагирӣ навбат мепоиданд. Ин минтақа аз пойгоҳҳои умдаи чирикиҳои толиб дар саҳафоти шимоли Афғонистон шинохта мешавад.
XS
SM
MD
LG