Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эштон дар пайи Камерон ба Миср сафар мекунад


Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон, ки имрӯз ба Миср сафар мекунад, гуфт, раҳбарони муваққати Мисрро ба баргузории ҳаддалимкон зудтари интихобот даъват хоҳад кард. Хонум Эштон дар баёнияе, ки дар пешорӯи музокироташ дар Қоҳира нашр шуд, гуфт, раҳбарони феълии Мисрро ба пешрафте дар ислоҳи Қонуни асосӣ даъват мекунад, ки заминаи баргузории интихоботи озоду одилонаи парлумонӣ ва раёсатҷумҳуриро муҳайё гардонад.
Сафари Эштон ба дунболи боздиди дирӯзаи Девид Камерон, сарвазири Бритониё аз Миср аст. Камерон нахустин раҳбари хориҷист, ки дар пайи суқути давлати сисолаи Ҳуснӣ Муборак дар 11 феврал аз Миср боздид кард.
XS
SM
MD
LG