Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Гран-при”-и Баҳрайн ба маҳзи ошӯбҳо доир намешавад


“Гран-при”-и Баҳрайн, як марҳалаи пойгаи “Формула -1” ба далели идомаи эътирозҳои зиддидавлатӣ дар ин ҷазираи халиҷи Форс баргузор нахоҳад шуд. Ин пойга бояд рӯзи 13 март оғоз меёфт, вале баргузориаш як ҳафта боз ба маҳзи ошӯбҳо зери суол рафта буд.
Дирӯз дар майдони Лӯълӯ, дар маркази Манома, пойтахти Баҳрайн ҳудуди 10 000 эътирозгар бо талаби ташкили ҳукумати ҷадид гирди ҳам омаданд. Шиъаҳо, ки аксарияти ҷамъияти Баҳрайнро ташкил медиҳанд, аз амирони суннии ҳокими ин кишвар ҳуқуқи бештар талаб доранд. Амир Ҳамад бин Исо ал-Халифа аз фарзанди валиаҳдаш хостааст, то муколамаро бо тамоми аҳзоб ба роҳ гузорад.
XS
SM
MD
LG