Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Горбачёв аз назарбаландии Медведеву Путин


Раҳбари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв раҳбарони кунунии Русия – раиси ин ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев ва сарвазир Владимир Путинро ба маҳзи барномаҳояшон дар мавриди ин ки кадоми онҳо ба интихоботи соли оянда хоҳад рафт, ба назарбаландӣ айбдор кард. Медведев ва Путин чандин бор гуфтаанд, ки бо ҳам нишаста, худ ҳал хоҳанд кард, ки кадоми онҳо ба хотири давраи нави раёсат ба интихоботи моҳи марти соли 2012 биравад. Аммо Горбачёв, ки рӯзи 2 март ба синни 80 мерасад, бо интиқод аз хатти машши сиёсии Русия гуфт, чунин тасмимгирӣ муноқиз бо меъёрҳои демократист ва ҳаққи интихобро аз дасти мардум мегирад.
XS
SM
MD
LG