Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отунбоева ба интихобот рафтан намехоҳад


Раисиҷумҳури Қирғизистон Роза Отунбоева гуфт, қасди ширкат дар интихоботи ояндаи раёсати ин ҷумҳуриро, ки қарор аст, дар поёни соли ҷорӣ доир шавад, надорад. Хонум Отунбоева дар сӯҳбат бо сокинони вилояти Норин гуфт, ки онҳо бояд замина ва шароитро барои таҳвили осоиштаи қудрат фароҳам биоранд. Отунбоева дар пайи ошӯби моҳи апрели соли гузашта, ки ҳукумати Қурмонбек Боқиевро суқут дод, ба симати раҳбари муваққати Қирғизистон расид. Давраи раҳбарии ӯ дар поёни соли равон ба поён мерасад, вале бархе сокинони кишвар пешниҳод кардаанд, ки ё замони раёсати Отунбоева тамдид шавад ваё ба ӯ ҳаққи давраи нави раёсат тавассути интихобот дода шавад. Аммо Отунбоева ин пешниҳодро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG