Пайвандҳои дастрасӣ

Болтуев аз раҳбарии КМИР канор хоҳад рафт


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон аз мақоми раиси Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) боз хондани Мирзоалӣ Болтуевро пешниҳод кардааст. Оқои Раҳмон ба ин симат Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси кумитаи амният ва дифоъи Маҷлиси намояндагонро пешбарӣ мекунад. Мирзоалӣ Болтуев аз соли 1999 раиси КМИР буд. Ҳамроҳ бо ӯ муовинаш Мизроб Кабиров ва ду узви ин ниҳод низ канор хоҳанд рафт.
XS
SM
MD
LG