Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Хатлон ба мардум "Қуръон" хоҳанд дод


Мақомоти вилояти Хатлон гуфтаанд, ба ҳар сокини ин вилоят як китоби “Қуръон” хоҳанд дод. Ин барнома дар чаҳорчӯби талошҳо ба манзури коҳиш додани мизони гароиши мардум ба гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ аз ҳисоби будҷаҳои маҳаллӣ анҷом шуда, ба хотири тавзеъ дар байни мардуми Хатлон 400 000 нусха “Қуръон” низ омода кардаанд. Гуфта мешавад, фаъол шудани гурӯҳҳое, чун Ҳизби Таҳрир, Ҷамоати Таблиғ ва Салафия дар вилояти Хатлон мояи нигаронии мақомоти Тоҷикистони ҷанубӣ шудааст. Қарор аст, мақомоти ин вилоят ба мардум нусхаҳои Қонуни асосӣ ва қонунгузории дигари кишвар, аз ҷумла қонуни танзими расму оинро низ тақсим кунанд.
XS
SM
MD
LG