Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як марди исломгаро дар Душанбе


Мақомоти амниятӣ дар пойтахти Тоҷикистон як нафарро бо иттиҳоми даъват ба тағйири сохти давлатӣ дастгир кардаанд. Дафтари матбуоти кумитаи амнияти миллӣ ба ИТАР-ТАСС гуфтааст, ин ҷавонмарди 33-сола дар масоҷиди Душанбе ба бунёди як давлати исломӣ дар Тоҷикистон даъват мекард. Ҳафтае пеш дар Душанбе ду занро ҳангоми дар як маҳаллаи пойтахт ба деворҳо часпондани шабномаҳо боздошт карда буданд. Соли гузашта додгоҳҳои Тоҷикистон бо ҷурми ифротгароии мазҳабӣ 158 нафарро маҳкум ба зиндон кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG