Пайвандҳои дастрасӣ

Паёми ҳайкали кӯҳансолони хирадманд


Ҳайкали Восеъ дар маркази ноҳияи Восеъ.

Ҳайкали Восеъ дар маркази ноҳияи Восеъ.

Ҳарчанд ба пайкараҳо нақши чандон бузурге қойил нестанд, онҳо паёме доранд, ки рӯҳияро ташаккул медиҳад.

Дар маркази ноҳияи Восеъ пайкараи мӯйсафеде шамшербадасте насб шудааст, ки дастони ӯ гӯё тавони бардошти шамшерро надоранд. Ин пайкараи Восеи қаҳрамон аст, ки дар бораи ҷабҳаороии ӯ алайҳи хону амирҳои манғит дар охири асри 19 достонҳо иншо шудаанд.
Сокинони ин маҳалла ва раҳгузарҳо, ки рӯзе чанд дафъа аз майдони марказии ин ноҳияи кӯчак мегузаранд, ҳамагӣ бовар доранд, ки Восеъи қаҳрамон айни ҳамин пиракии шамшербадаст будааст.

Зӯри Восеъ ба шамшераш намерасад


Пайкараи Восеъ дар замони шӯравӣ бо баландии даҳ метр ва симои пиронаву саллаву ҷома бар тан аз ҷониби ҳайкалтарошони шӯравӣ сохта шудааст.

Насим Баҳодуров, омӯзгори яке аз мактабҳои ноҳияи Восеъ мегӯяд, чун аз таърих ва асари “Восеъ”-и Сотим Улуғзода мутолиа мекунӣ, ки ин қаҳрамон бо ҷасорату мардонагӣ зиддӣ амирони манғит шуриш кардааст ва ҳамагӣ дар сини чиҳилсолагӣ кушта шудааст, ба воқеияти ҳайкали ӯ дар маркази ин ноҳия шубҳа пайдо мешавад.

Лавҳаи ёдгории Восеъ
Магар Восеъ фурсати инро дошт, ки чунин пир шавад?

Насим Баҳодуров мегӯяд: “Вақте навиштаи устод Улуғзодаро мехонӣ, ки Восеъ бар зидди амирони хунхору золим бо ҷасорат ҷангидааст ва ҳатто ҳангоми ба дор овехтан пеши амир сар хам накардааст, назарат дигар аст, вале ин ҳайкалро мебинӣ ҳайрон мешавӣ, ки ин муйсафед чӣ гуна ҷасур будааст. Дар ҳақиқат ин ҳайкал ба Восеи тасаввур мекардагии мо монанд нест.”

Бузургони тоҷик -- мӯйсафедони хирадманд

Нимпайкараи Рӯдакӣ
Бо симои пирона ва дур аз воқеияти ин шахсият сохтани ҳайкали Восеъ дар Тоҷикистон намунаи танҳо нест. Ҳайкалу пайкараҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино ва дигар бузургони гузаштаи тоҷику форс дар нукоти гуногуни Тоҷикистон бо чунин шакл сохта шудаанд.

Раҳим Сафаров, як омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик мегӯяд, кор то ҷоест, ки агар аз як хонанда хоҳиши тасвири симои ин бузургонро намоӣ, онҳо ҳатман бароят як муйсафеди пири хору залилро мекашанд.

Ӯ мегӯяд: “Боре ба як мактаби рассомӣ рафтам ва аз шогирдони он хоҳиш кардам, ки яке акси Рӯдакӣ дигаре Темурмалику Спитамен ва Синову дигаронро бикашанд. На аз рӯи расмҳои дидаашон, балки ба гунае ки тасаввур мекунанд ва бояд аз чизҳои умумӣ фарқ кунад. Бовар мекунед, ки ҳамаи онҳо барои ман симоҳои пиру оҷизро рӯи коғаз оварданд. ”

Гузаштаи тираву тор?


Зафар Мирзоён, пажӯҳишгари тоҷик мегӯяд, ба чунин шакл офаридани симои бузургони тоҷик идеологияи хоси Шӯравӣ буд, ки ҳамеша талоши тираву тор ва пиру афсурдаву нотавон нишон додани гузаштаро менамуданд.

Ӯ афзуд: “Ин ҳилаҳои пайкаратарошону суратсозони ғарбӣ
Ҳайкали Сино дар Душанбе
буданд, ки гузаштаи моро нодида мегирифтанд. Аксҳову пайкараҳое, ки месохтанд, ҳама хирадмандон салладору ришдор буданд. Шумо бубинед, ки дар пайкараҳои сохтаи онҳо рӯҳ вуҷуд надорад. Тавре месозанд, ки як ришакии салладор аст, асо дар даст ва гуфтааст, ки “Ҳар ки наомӯхт аз гузашти рӯзгор”. Аммо дигар ҳикматҳои ӯро нишон намедоданд. Ё Восеъро бигирем, ки ӯро як муйсафеди хирдаманди 80-сола сохтанд, дар ҳоле ӯ дар 40-солагӣ кушта шуд. Ва ӯ ҷанговар, шахси саркашу исёнгар буд, на як мӯйсафеди хирадманд.”


Шояд ин нукта баҳрбарангез бошад, аммо ба гуфтаи Мирзоён, бо ҳақир нишон додани бузургони як миллат дар пайкараву аксҳо онҳо мардумро аз асолати худ дур менамуданд.

Восеъро аз рӯи як муйсафед сохтаанд


Аммо Амрӣ Аминов, пайкарасози тоҷики муқими Фаронса мегӯяд, ба чунин шакл сохтани ҳайкалу пайкараҳо дар Тоҷикистон аз ноогаҳии муаллифон хабар медиҳад. Ӯ мегӯяд, қабл аз офаридани симои як шахсият бояд ҳаёти ӯро аз сарчашмаҳои гуногуни таърихӣ омӯхт. Барои мисол, ӯ мегӯяд, пайкараи Восеъро Юрий Иванов аз рӯи симои як муйсафеди маҳаллӣ сохтааст.

Ӯ гуфт: “Шодравон Юрий Григоревич, як мӯйсафеди хушсимои маҳаллиро пайдо мекунад ва то ҷое ман бохабарам ин ҳайкалро дар дарозии тақрибан 6 метр аз рӯи симои ҳамон муйсафеди маҳаллӣ бунёд мекунад. Ӯ аз қаҳрамонии ин шахсият он қадар хабар надошт, вагарна хеле ҳайкалсози барҷаста буд.”

Бунёди ҳайкалҳои “муйсафедон” идома дорад

Аммо ҳанӯз ҳам ба назар мерасад, ки дар Тоҷикистон бо симои пирона ва хирадмандона бунёд намудани ҳайкалу пайкараҳо идома дорад. Ба гуфтаи Мирзоён, бо чунин сурат сохтани бузургони гузаштаи миллат ба ҳадде дар зеҳнҳо ҷой шудааст, ки иваз кардани он хеле мушкил аст.

Ҳайкали нави Рӯдакӣ дар Душанбе
Амрӣ Аминов, низ мегӯяд, ӯ ҷонибдори бозсозии симоҳои чунин ҳайкалу пайкарҳо ҳаст. Вай афзуд: “Мутаассифона, ягон ҳайкалу пайкараи хуб сохта нашудааст, дар чанд соли ахир. Рӯдакиро сохтанд, ки он қадар касбӣ нест. Мо ҳамин гуна соҳибкасби аслӣ надорем, зеро дар Тоҷикистон аз пушти касби пайкарасозӣ нон хӯрдан мушкил аст .”

Бояд афзуд, ҳарчанд дар озмуни тарҳи пайкараи Рӯдакӣ дар шаҳри Душанбе пешниҳодҳои ҷолиб ва ғайриодие ба миён омада буд, мақомот аз роҳи кӯҳнаи муроҷиат ба ҳайкарсозони рус қадам бардоштанд.

Ба ин тартиб, дар Тоҷикистон тақрибан ҳайкале нест, ки дар он рӯҳи бешикаст ва пурғурури миллӣ, нерӯву тавоноӣ ва омодагӣ ба муборизарол намоиш диҳад.

Аммо шояд тағйире оғоз ёфтааст. Масъулони ҳукумати ноҳияи Восеъ мегӯянд, дар сурати пайдо кардани имкониятҳои молӣ ҳайкали Восеъро аз дигар ва ба гунаи дигар хоҳанд сохт. Бошем, то бубинем.

XS
SM
MD
LG