Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як дипломати эронӣ бо "Ҷунбиши сабз" пайваст


Аҳмад Моликӣ, консули Эрон дар шаҳри Милани Италия, ба нишони эътироз алайҳи, ба гуфтаи ӯ, “аъмоли ваҳшиёнаи ҳукумати Эрон дар баробари мардуми кишвар” аз мақомаш истеъфо дод. Дар сӯҳбат бо Радио Фардо Моликӣ гуфт, ки ӯ бо "Ҷунбиши сабз"-и Эрон мепайвандад.

Аҳмад Моликӣ чаҳорумин дипломати эронист, ки тайи каме бештар аз як соли ахир мақомашонро тарк намуда, бо мухолифини ҳукумат ҳамроҳ мешаванд. Моҳи январи соли гузашта аввалин шуда Муҳаммадризо Ҳайдарӣ аз мақоми худ - консули сафорати Эрон дар Норвегия истеъфо дода буд.

Аҳмад Моликӣ тайи 25 соли ахир дар сафоратҳои Эрон дар Португалия, Кения ва Италия ифои вазифа мекард.

XS
SM
MD
LG