Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Баҳрайн тақрибан 10 ҳазор ҷонибдорони мухолифини шиамазҳаб дар майдони марказии пойтахт – шаҳри Манама ҷамъ омаданд. Миёни онҳо якуним ҳазор омӯзгорон низ ҳастанд, ки дар бораи шурӯъи коршиканӣ хабар додаанд. Мухолифин истеъфои ҳукумат ва маҳдудсозии қудрати сулолаи шоҳии суннимазҳабро талаб доранд.

Имрӯз дар бораи ҳалокати боз як эътирозгар, ки рӯзи ҷумъа дар бархӯрд бо нерӯҳои амниятӣ маҷрӯҳ шуда буд, хабар расид. Баъди ин бархӯрдҳо мақомот дар бораи гуфтушунид бо мухолифин изҳори омодагӣ карданд.

Вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон ва ҳамтои саудии ӯ Сауд Ал-Файсал дар як сӯҳбати телефонӣ дар бораи мусоидат ба ин музокирот ба мувофиқа расиданд.

XS
SM
MD
LG